Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

хешро маҷбуран ба гардани мо бор кардааст, ки боиси малоли хотирамон гашта бошад?
– Маҷбуран - ку не.
– Магар аз “оинаи нилгун” - и тоҷик чунин филмҳои бемаънӣ намоиш медиҳанд?
– Не.
– Пас малоли хотири мо аз куҷост? О, ҳоло қисми зиёди ҳамватанони мо аз пешрафти ҷаҳонӣ қафо намонем гуфта, антенаҳои паробалиро бо нархи гарон мехаранд ва ҳар нуқтае аз ҷаҳонро хоҳанд бо урфу одатҳояш, бо баду некаш тамошо мекунанд. Магар давлат ба ин гунаҳкор аст?
– Не.
– Пас чӣ ҷойи таассуф? Мо бояд аз тараққиёти ҷаҳонӣ танҳо беҳтарин навигариҳои илму техникаро омўзем ва ҳаргиз набояд ифтихори миллии хеш, ки он покизагии руҳу танро тақозо мекунад, ба гўшаи фаромўшӣ диҳем. Ҷомаи кас ба танаш наздиктар аст ва дини мо ин ҷомаи мост ва ҳифзи ин ҷома ба души мо уфтода… Дар ҳоле, ки уқёнусшиноси машҳури дунё Жан Жак Кусто ва боксёри машҳури ҷаҳон Муҳаммад Алӣ исломро қабул карданд, мо магар метавонем гўем, ки шарму ҳаёро пеши по заданамон экспансияи Ғарб аст?
Дар давоми кори дуҳафтаинаи хеш дар ШКД – и ноҳияи Гулобод Сорбони Ҳомидро бори аввал ба чунин суҳбати ошкоро кашиданд.
“Агар устод мулло мешуд, шояд суханеро бе овардани оёти каломи раббонӣ ба забон намегирифт,” - аз дил гузаронд Гурезов. Ў дар муқобили симои Сорбони Ҳомид симои баъзе муллоҳои чаласаводи деҳашонро гузошт, ки як суханашон аз арш буду як суханашон аз фарш ва кибру ғурурашон аз кибриё болотар…
Дар ҳоле, ки Гурезов саргарми андешаҳои хеш буд, капитани милиса Сорбони Ҳомид дар атрофи марги Солеҳ Ҷалил андеша мекард. Ў аслан ҷўёи он сабабҳое буд, ки касеро ба даст задан дар чунин ҷинояти вазнин маҷбур сохта бошанд. Ба ҷуз назарияҳои пешин, ки дар нақшаи чорабиниҳои ҷустуҷўӣ дохил шуда буданд, нақли имрўзаи Гурезов назарияи дигареро низ дар ин самт ба майдон меовард. Чун на ҳамеша кўза аз соҳил бе осеб бармегардад, ба марги Солеҳ Ҷалил метавонист дилдодаи Сабоҳати Маҳмад низ даст занад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё