Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Зеро исбот шудааст, он қадар мардон сари хеш дар роҳи муҳаббат аз даст доданд, ки ҳисобаш гум…
Сорбони Ҳомид мефаҳмид, ки чун рўзаш даррасад ва гиреҳҳои муаммои марги Солеҳ Ҷалил ба даст биёяд, дигар ҳама он гиреҳҳои бесару нӯг кушода хоҳанд шуд, чунки худи Сабоҳати Маҳмад шоҳиде буд, ки қонун ўро ҳамчун ҷабрдида эътироф мекард. Ҷабрдида бошад, баҳри дифои номи хеш талош меварзид.
Вале то он лаҳзаҳо хело вақт буд ва Сорбони Ҳомид нигаронии Гурезовро оид ба дар зери хавф будани ҳаёти модари ҷавону тифли дар батнаш буда пазируфт ва баҳри муҳокимаи ин масъала ҳамроҳи вай бояд ба назди муфаттиш Самадов мерафт. “Ҷомаи бомаслиҳат кӯтоҳ намеояд,” - аз дил гузаронд ў ва аз ҷой бархест…
– Сабо.
–Ҳа, ман.
– Омадӣ, бачам.
– Ҳа.
– Корҳо чӣ хел? Мўйсафедро дидӣ?
– Мўйсафедро дидам. Корҳо бошад, бад. Мўйсафед ҳатто дар бораи мавҷудияти ман хабар ҳам надоштааст.
– Чӣ, хабар надоштааст?
– Ҳа, хабар надоштааст.
– Шояд хабар доштаасту худро ба нодонӣ задаст.
– Не, умуман хабар надоштааст.
– О, вай Худозадаи Солеҳ гуфта буд, ки падарам медонад?
– Гуфт, гуфт ва шумою падарам ба ў бовар кардед. Бинед, шумо чӣ кор кардед, оча?
– Пешомадро кӣ медонад, бачам.
– Пешомад мегўед? Ба нею нестони ман нигоҳ накарда, тақдири маро бо марди чилсолаи зану фарзанддор пайвастед.
Акнун ман сарамро дар куҷо занам? Дугонаҳои ман то ҳанўз дар мактаб мехонанд.
– Худатро сарзаниш накун. Аз тақдир роҳи гурез нест.
Тифли дар батнат буда ҳаромӣ нест – ку. Мо туро бо никоҳи мусулмонӣ ба он кас додем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё