Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Ҷавони роҳгузаре аз тарафи муқобили роҳ бо як нигоҳи сеҳрангез ба тарафи ў менигарист. Чун роҳи духтар ба ҳамон самт буд, ҷавон мисли танзимгари фурудгоҳ, ки дар қабулу гусели тайёраҳо саҳмгузор аст, духтарро бо нигоҳи меҳрбори хеш қабул карда, ҳамон хел хомўшу бе овоз гусел намуд.
Ҳамаи инро Лайлӣ фаҳмид ва агар он ҷавон аз дунболаш меомаду рози дили хеш баён мекард, ў розӣ буд, аммо лаҳзае пас чун ба қафояш нигарист, касеро надид. Ў ҳеҷ фаҳмида натавонист, ки он ҷавон ба сўяш бо чашми харидорӣ наззора кард ё чун тамошобин. Чӣ хеле ҳам бошад, таваҷҷуҳи мардро нишонаи нек пиндошта, қадамзаниашро тезонид…
Баъди даҳ дақиқа ў ба кўчаи шафат баромад ва ду - се дақиқа пас назди бинои чорошёнае истод. Дар гирду атрофи бино зери дарахти себи пир кўдакон ҷастухез доштанд. Аслан, манзарае зеботар аз тамошои кўдакон нест, вале ҷавонзанро вақт ба ин бозию тамошо набуд.
Агар ў чанд бор исқоти ҳамл намекард, ҳоло соҳиби чанд кўдак буд. Не, меҳри ў аслан ба дигар чиз дода шуда буд ва ба ҳамин хотир ў ҳатто хуни нафареро, ки замоне дўсташ медошт, бирехт. Дигар дар синаи ў дили нозуку ҳассос не, балки санге ҷой гирифта буд, ки раҳму шафқат надошт. Оё бо чунин қалб метавонист ў лаҳзае фориғ аз оламу одам аз такопӯйҳои зиндагӣ ба бозии тифлон наззора намояд.
Истодани ў дар назди бино аз рўйи одат буд, на аз рўйи ҳавою ҳавас. Зиндагӣ чанд соли охир ўро ба эҳтиёткорӣ маҷбур карда буд. Се сол пеш агар Солеҳ Ҷалил эҳтиёткориро аз даст медод, пой бар остонае мегузошт, ки милисаҳо омаданашро интизор буданд. Тасодуфан ў дар тарафи бинои муқобил шахсеро дид, ки дар либоси ғайринизомӣ буду дар пояш туфлии ҳарбӣ дошт. Шояд он назоратчӣ аз таҷрибаи ҷаҳонӣ хабар надошт ва ё аз камтаҷрибагӣ буд, ё худи роҳбараш нисбат ба кори зердастон аз паси панҷа нигариста буду хатои шогирд надида, вале Солеҳ Ҷалил дар як нигоҳ гургро дар ҷомаи меш шинохт ва аз он маҳал бадар рафт.
Солеҳ Ҷалил баъди он ҳодиса ҳамеша Гурдофариди хешро ҳушдор месохт, ки худро эҳтиёт намояд. “-Эҳтиёт - ними ҳаёт,” - мегуфт ў ва таъқид мекард, ки фаъолияти онҳо эҳтиётии бештареро талаб мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё