Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

“Рост гуфтаанд, ки «муллоро ба гуфтааш куну ба кардааш не». Бубин, Солеҳ дар бораи эҳтиёткорӣ ҳарф мезаду худ ба ҳамин чиз аҳмият надод. Даҳонро шебу фарозаш набудааст ва чун даҳонаш гарм шуд, сухане гуфт, ки чун теғ ба ҷисмаш расид ва ўро ман бо ҳамон теғи суханаш аз дорулбақо ба дорулфано роҳхат додам,” - зери лаб гуфт ҷавонзан.
“Не, ман ўро аз рашк куштам.
-Дурўғ нагӯ, рашк куҷо, ту ўро барои боигариаш куштӣ!”-нидо омад аз қалбаш…
Чун дар гирду атроф ба ҷуз кўдакон касеро надид, пой бар остонаи хона гузошт. Тайи як сол аст, ки хона дар тасарруфи онҳост. Аслан, хона аз кист, ў намедонад. Соли гузашта Солеҳ гуфт, ки як шиносаш ба хориҷи кишвар рафтаасту калидҳояшро ба ў додааст. Чун Солеҳ дар ҷустуҷўи милиса қарор дошт, бисёр вақти хешро дар ҳамин хона мегузаронд.
Соҳиби хона дар хориҷи кишвар ба чӣ корҳо машғул буд, ў аниқ намедонист, вале аз рўйи мақоли халқии “харбуза аз харбуза ранг мегираду ҳамсоя аз ҳамсоя,” ба хулосае омад, ки он дўсти дар хориҷи кишвар будаи Солеҳ низ чун худи ў ба интиқоли маводи мухаддир даст доштагист ва “дузд дуздро дар шаби тор ҳам мешиносад” - гуфтагӣ барин ў низ ба дўсти таҳҷояш калидҳои хонаашро бовар кардааст…
Лайлӣ ҳангоми аз зинаҳо боло баромадан калидҳои он хона ба даст гирифт ва чун ба майдончаи ошёнаи сеюм расид, чун дузд калид ба сӯрохии қулф гузошта, онро тоб дод ва дарро кушода вориди хона гашт. Дарро аз дарун маҳкам кард ва лаҳзае нафаси осуда гирифта, қомат рост намуд. Аввалин чизе, ки боиси тааҷҷубаш гашт, ин туфлиҳои Даврон буданд.
Лайлӣ зери лаб табассуме кард ва фаҳмид, ки муллои ҷодугар чун манқурт ягон қадамашро бе амри боло нахоҳад гузошт.
Вале аз он чӣ ки мулло дар хона буду ба истиқболаш набаромад, дилаш ҳазин гашт. Духтар туфлиҳои хеш паҳлуи туфлиҳои Даврон монд ва кафшҳои мулоими хонагиро ба по кашида, нӯк-нӯки по то ба ошхона рафт. Чун хона якҳуҷрагӣ буду Давронро дар ошхона наёфт, чанд қадаме пас гузошта дари ҳуҷраро кушод…
Манзараи аҷиберо дид духтар. Даврон аз гармии моҳи охири тобистон болои кати мулоим нимурён ба паҳлу мехобид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё