Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чун аз мавҷудияти бор хабардор шавам, интиқоли онро низ ба зиммааш месупорам. Хоҳ тир кафад, хоҳ ҷувоз. Чуноне намоям, ки ба хоки поям бўса занад.
– Чаро хомўшӣ, ё суханони ман нодурустанд?
– Ҳамааш дуруст, шахсан ман афсўс мехӯрам, ки ҳаёти хешро бо чунин ташкилот пайвастам, шумо чӣ?
Даврон барқвор суханони Солеҳ Ҷалилро ба ёд овард:
«Лайлӣ ба шеф наздиктар аст, дар ҳама ҳолат сухани ў қувваи ҳалкунанда дорад, барои ҳамин аз ин духтари шайтон эҳтиёт бош». Шояд маро имтиҳон мекунад, чун норозигии маро шунид, хабар ба гўши шеф мерасонад.
– Маро бошад худи тақдир бо ин ташкилот пайваст ва дар ин ҷода хизматҳои Солеҳ ниҳоят бузурганд. Афсўс ки бандаи ношукр ба қадри хизматҳои ў нарасидам. Тақдирро бошад, бо ҳама неку бадаш шукргузорӣ кардан лозим, вагарна луқмаи фурў мебурдагиат ҳалол намешавад.
Манқурти тайёр шуда рафтагӣ. Агар овардани салларо амр диҳӣ, ба ҷойи он калла меорад. Офарин ба Солеҳ! Бубин аз ин муллои ҷодугар манқурте тайёр намудааст, ки ба ивази ҷони худаш тайёр аст, ба ҳама кор даст занад. Боло гуфта ҷон медиҳад, пас аз чунин шахсон некиеро интизор шудан мумкин аст.
-Албатта, дар ҳама кор нони хеш ҳалол карда хӯрдан беҳтар аст, - ниҳоят посух дод духтар.
Даврон дастархон густурда, пиёлаи чойро пеши Лайлӣ гузошта, бонуро таклиф кард, ки нон шиканад.
– Ташаккур! - гўён духтар даст ба нон бурду бурдаи нонеро ба даҳон андохт, то соҳибхона хафа нашавад.
Ҳарчанд Лайлӣ низ субҳона нахӯрда буд, аз чӣ бошад, ки иштиҳояш намеомад. Дар рўйи дастархон ба ҷуз шири мурғ ҳама чиз ёфт мешуд, аз ҳасиб то панир, вале Лайлиро иштиҳо набуд…
Соҳибхона пораи ҳасиберо бо панир якҷоя карда, мобайни нон гузошту ба даҳон бурд. Умуман иштиҳояш қозгир. Лайлӣ иштиҳои ўро дида хулоса кард, ки як ҳафта боз луқмаи ноне ба даҳон набурдааст.
– О, нон шиканед, – ниҳоят ба худ омада гуфт соҳибхона.

пешина
аз 513
навбатӣ