Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Ташаккур, Даврон! Ман барои ҳурмат аллакай нон шикастам, - гуфт Лайлӣ ва илова кард, ки пеш аз ба ҳамин ҷо омаданаш субҳона намудааст.
– Ҳеҷ гап не, нон бо нон ҷанг намекунад, гиред илтимос.
Духтар ин дафъа пиёлаи чойро ба даст гирифт.
– Ҳа, дарвоқеъ, дар боло нисбат ба кори мо чӣ гуфтанд?
– Кадом кор?
– Аз байн бурдани…
– Ҳеҷ чиз нагуфтанд. Ба фикрам шеф санҷиши ҳамин масъаларо ба зиммаи кадоме аз наздиконаш вогузоштааст.
–Чӣ гуфтед санҷиши масъаларо пурсид? - Даврон дар ҳолате, ки қариб луқма дар гулўяш дармонда буд.
Лайлӣ ба пиёлаи холишудаи соҳибхона чой рехт ва пиёларо ба дасти мулло дода гуфт:
–Як қулт гиред, як қулт…
Даврон ду - се қулт чой гирифта, роҳи нафасаш кушода шуд, ки табассуми латифе ба духтар ҳадя карда, дуюмбора саволашро такрор кард, чун ҷавоб шунид, рангу рўяш тағйир ёфт.Ин тағйиротро Лайлӣ низ мушоҳида кард...
– Хафа нашавед, қоида ҳамин аст. Иҷрои ҳар амрро боз бо роҳи пинҳонӣ месанҷанд, нисбат ба камбудиҳои ҷойдошта, ки дар рафти амалиёт ба вуҷуд меояд, ба шеф маълумот медиҳанд.
– Солеҳ Ҷалил ҳеҷ гоҳ дар ин бора сухане нагуфта буд.
Наход ба зердастони хеш бовар накунанд?
– Солеҳ Ҷалил ҳам дар ин бора ягон чиз намедонист. Ман ҳам дирўз нохост фаҳмидам, ки шеф ба таври пинҳонӣ натиҷаи амалиёти моро месанҷад.
– Санҷиш чӣ лозим будааст, охир мо амалиётро иҷро кардем. Дигар чӣ мехоҳанд?
– Аз куҷо донам? – китф ба ҳам кашида гуфт духтар.
– Ҳа, ту суханони маро гуфтӣ?
– Кадом суханонатро?
– Солеҳ Ҷалил бе бор омада буд.
– Ҳа гуфтам, вале аз забони шумо.
– Чӣ хел аз забони ман?
– О, шумо гуфтед, ки Солеҳ бе дастовез омада буд, ман бошам ҳамин гапи шуморо гуфтам.
– Шеф чӣ гуфт?

пешина
аз 513
навбатӣ