Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

– Ҳеҷ чиз нагуфт.
– Набошад, ба суханонатон бовар кард?
– Намедонам. Шефро фаҳмидан душвор.
– Шояд ҳамин масъаларо санҷиданӣ шудааст?
– Кӣ медонад? Агар мо ба хатое роҳ дода бошем, сари хеш ба бод хоҳем дод.
– Чӣ хел хато?
– Рафту шеф муайян намояд, ки Солеҳ бор оварда будааст.
– Чӣ хел ў муайян мекунад, охир Солеҳ дар қайди ҳаёт нест, пас чӣ тавр инро муайян мекунанд?
– Ин душвор нест. Эҳтимол шеф ба ҷуз Солеҳ бо мардуми соҳили Ому бо дигар каналҳо ҳам алоқа дорад. Агар дар ҳақиқат Солеҳ аз сафари охиринаш бе дастовез баргашта бошад, ба ману худат хавфе таҳдид намекунад.
– Бовар намо, Лайлӣ, дар ҳақиқат ў ягон бор надошт, – сар ба зер афканда гуфт Даврон.
– Ман бовар кардам, вале аз боварии ман чӣ суд? Ту пеш аз он ки Солеҳро ба дорулбақо роҳхат додӣ, аз забонаш бояд мефаҳмидӣ, ки бор овардааст ё не.
– Ҳамин тарафи масъаларо ман фикр накардам, чун ў пайдо шуд қулангро зер кардам.
– О, ман ба худат фаҳмондам, ки ҳама корро пухта кардан лозим, худат бошӣ…
– Акнун чӣ мешавад?
– Аз куҷо донам? Рафту агар шеф доштани бори Солеҳ Ҷалилро муайян кунад, мо сар ба саломат нахоҳем бурд.
– Мо не, ман, чунки бо Солеҳ ман вохўрда будам.
– Мо, мефаҳмӣ Даврон, мо. Ману ту ва агар ту ба хатое роҳ дода бошӣ, маро низ ҳамроҳат ба он дунё мебарӣ.
– Охир ў бе бор омада буд. Чун ман тирро ба синааш ҷо кардам, рафта дидам, ки ягон бор надорад.
– Ту аввал бояд мефаҳмидӣ, ки чаро ў бе бор омадааст?
Наход дар шаби тор яроқро пинҳон кардан мумкин набуд?
Ҳама ҳолатро бояд мефаҳмидӣ. Ҳама ҳолатро. Бубин, ту чӣ кор кардӣ? Фикри худатро накардӣ, акнун аз рўйи ту шуда, ман ҳам дар бало мемонам. Даврон, ту мефаҳмӣ, ки маро низ дар бало мондаӣ,-Лайлӣ ин сухан бигуфту инони гиряро сар дод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё