Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Фаҳмид, ки муллои ҷодугар чун бало аз боло тарсид, ки ҳамоно лаҷоми сухан ба даст гирифт:
– Дар ҳақиқат ту кафолат дода метавонӣ, ки Солеҳ аз соҳили Ому бе бор баргашта буд?
– Ман аллакай ҳамаашро ба шумо гуфтам, вале кафолат ҳам дода наметавонам.
– Набошад корҳои мо бад?
–Чӣ хел бад?
– Чунки ту кафолат дода наметавонӣ ва акнун лозим меояд, ки ба ҷустуҷўи бор бароӣ?
– Ман танҳо не, ҳамроҳ мебароем.
– Рафту шеф фаҳмад, ки ман ҳамроҳи ту дар он мавзеъ гаштугузор доштам, корҳо бадтар мешаванд. Ба фикрам, ҳамин чизро ту бояд фаҳмӣ. Не, ман наметавонам барои бор маро кушанд, беҳтар аз он аст, ки аз рашк кушанд.
– Пас чӣ бояд кард?
– Чустуҷўи бор ба зиммаи худат. Чун онро ёфтӣ, дар ҳамон ҷо пинҳонашон кун, сипас якҷоя рафта онро мегирем.
Агар шеф ҳам бовар накард, мо ягон касро аз намояндагонаш мебарем, то ба чашми худ бубинад, ки Солеҳ худаш борро бо кадом мақсаде пинҳон кардааст. Рафту агар намоянда ҳамроҳи мо рафт яку якбора ба самти бор рафтан лозим нест.
Ду - се соат ин тарафу он тарафро кофтан даркор. Сипас ногаҳон аз пеши бор мебароем, баъди ҷустуҷўйҳо онро меёбем. Боварӣ ҳаст, ки дар он сурат ба мо бовар мекунанд.
– Агар намояндаи дигаре аз тарафи шеф наравад - чӣ?
– Дар он сурат худамон рафта, борро мегирем ва ман ҳамаашро ба гўши шеф мерасонам. Ба ҳар ҳол, ҳамон варианти якумаш ба ҳақиқат наздиктар мешавад.
– Беҳтар мешуд, ки ҳардуямон мерафтем.
– Маро нағз фаҳм, Даврон. Рафту шеф худсарона ҳамроҳи ту ба он мавзеъ рафтани маро фаҳмад, маро зинда намемонад. Ба фикрам, туро ҳам…
– Мефаҳмам.
– Ҳаминаш беҳтар, акнун бехатарии ман ҳам ба зиммаи худат.
– Ман розӣ. Кай ба роҳ бароям?
– Ихтиёрат. Агар корҳоят барор гирифт, ду рўз пас маро дар ҳамин ҷо интизор шав.

пешина
аз 513
навбатӣ