Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Имрўз не, фардо ба роҳ мебароям. Пасфардо ҳамон мавзеъро дида мебарояму шабона бармегардам. Субҳи дигараш ҳамин ҷо омадани худатро интизор мешавам.
– Бисёр хуб, – гўён Лайлӣ аз ҷой бархест.
– Як пиёла чой ҳам нагирифтед?
– Дафъаи дигар. Ҳоло дилам хавотир. Рафту агар шеф маро пурсад, кори хуб намешавад.
Даврон духтарро то пеши дар гусел кард, Лайлӣ боэҳтиёт аз дар берун шуда, дар зинаҳо ба поён рафт. Ў акнун боварии пурра дошт, ки Солеҳ Ҷалил бе дастовез наомада будааст.
Бубин лаънатиро, борро аз худ карданист. Ҳоло чунонат кунам, ки…
Лайлӣ аз бино берун шуда, ба тарафи шимол роҳ пеш гирифт…


Ҳамид Ҷовид қарибиҳои шом ба Гулобод омад. Чун навбатдор аз вазъи ноҳия расмӣ ҳисобот дод, ў аз бозгашти Гурезов пурсон шуд.
– Лейтенанти милиса шаби гузашта аз шаҳр баргашт, ҳоло дар утоқи кориаш машғули кор аст.
– Сорбони Ҳомид чӣ?
– Он кас ҳам ҳамин ҷо.
– Баъди ним соат ҳардуяшон ба назди ман дароянд,– гуфта, сардори ШКД ба утоқи кориаш рафт.
Баробари пой бар остонаи дафтари кор мондан, ӯ аз рўйи одати ҳамешагӣ даст ба тугмачаи барқӣ бурда, онро пахш кард. Дафтари кориаш яку якбора равшан шуд.
Ҳамид Ҷовид, ки аз бардорузанҳои роҳ ниҳоят афгор шуда буд, болои курсии мулоим нишаст. Ў бисёр мехост, ки ҳарчи тезтар ба хона раваду оббозӣ намуда, тағйири либос кунад, вале аз вазъи милиса хабар нагирифта, ба хона ҳам рафта наметавонист. Акнун, ўро боз лозим буд, ки аз натиҷаи кори Гурезов бохабар шавад. Имрўз, вақте ки ў ба воситаи телефон бо Гурезов суҳбат намуду барои бозгашташ рухсат дод, соате пас аз раёсати вилоятӣ барқия омад, ки ҳамаи шахсони аввали ШКД ба маҷлиси фаврӣ ҳозир шаванд. Дирўз дар ҳамин вақту соат Ҳамид Ҷовид ба роҳ баромад. Субҳи имрўз ў дар маҷлиси фаврии раёсат, ки бо иштироки муовини вазир баргузор гардид, иштирок намуда, пас аз анҷоми маҷлис боз ба роҳ баромад.

пешина
аз 513
навбатӣ