Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Тахминан баъди бист дақиқа Ҳамид Ҷовид ўро ҷеғ зад ва дар ҳузури худаш ба корманди БДА сержанти милитса Сафар Сафаров супориш дод, ки илоҷе намуда Сорбони Ҳомидро ба шаҳр гусел намояд. Соате пас ў савори мошини ГАЗ - 3102 ба роҳ баромад…


Баробари пой ба зинаҳо мондану ба поён рафтани Гурдофарид соҳибхона ба ҳуҷраи хобаш даромада, аз паси пардаи ҳарири тиреза чашм ба поён дўхт. Ба офтоби сўзони рўзҳои охири моҳи август нигоҳ накарда, бачагон дар зери дарахти себи пир, ки кайҳо вақти буриданаш ҳам гузашта буд, даву тоз доштанд. Духтар чун аз даромадгоҳ берун шуд, лаҳзае дар ҷояш истод. Ў дар он лаҳзаҳо сари кадом андеша буд, Даврон нафаҳмид. Ба тарафи бачаҳо нимнигоҳе ҳам накард. Даврон ба хулосае омад, ки Лайлӣ низ дарду доғи зиёд дорад. Ў нафаҳмид, ки чандин сол аст духтар чунин тарзи зиндагиро омўхтааст ва ҳамаи ин эҳтиёткориҳо ба як қоидаи муқаррарии ҳаёти ў даромадааст. Шояд мавҷи андешаҳои духтар ба туғён омаданду ўро тела доданд, ки яку якбора Лайлӣ ба ҳаракат даромада, баъди сад - саду бист қадам ба тарафи шимол тоб хўрда, паси бинои нуҳошёнае аз чашми назоратчӣ нопадид шуд. Даврон ҳамоно паси он пардаи ҳарир рост истода, аз ҷастухези бачаҳо завқ мебурд.
То оғози соли нави таҳсил ҳамагӣ ду рўз монда буд ва бачаҳо рўзҳои охири таътили тобистонаро бо ҳамин ҷасту хез, ки хоси ҳамаи бачаҳои мактабист, паси сар карданӣ буданд. Агар ў низ замоне аз пайи корҳои ғайришариатӣ намешуд, мумкин имрўз соҳиби фарзанду хонаи ободи хеш буд. Нафси бад ўро аз роҳ баровард ва акнун сарсону саргардони зиндагист.
– Ба Лайлӣ чӣ бало расида буд, ки ў низ бо ҳамин пайроҳа рафт, – ба худ меандешид Даврон. – Аслан аз ман дида зиндагӣ ба Лайлӣ душвортар аст. Аз гуфтори имрўзааш бармеояд, ки мақоми хеш назди шеф аз даст додааст. Ё ҳамаи инро ҳамин хел барои ман гуфт. Агар ҳамаи он оби чашму сўзи бадардаш қалбакӣ бошанд, актрисаи машҳурест. Не, ҳеҷ мумкин нест, ки ў дурўғ гуфта бошад. Охир сухан аз қалбе ҷаҳида ба қалбе менишинад ва он чӣ ки Лайлӣ гуфт, қалби ман шикофт, пас ў низ аз самими қалб дили хеш ба рўйи ман кушод.

пешина
аз 513
навбатӣ