Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

“Ҳамон дарахти себи пирро бубину хулоса барор,”- нидо омад аз қалбаш.
Дар ҳақиқат, дарахте, ки имрўз пеши хона меистод, ба ҷуз чўби хушк дигар чизе набуд. Шохҳои бе гулу барг ва қоқу шикастаи дарахт худ мегуфтанд: ки ранг бину ҳол пурс…
Агар ману Лайлӣ низ дар зиндагӣ чорае наандешем, чун ҳамин дарахти пир бе ному нишон хоҳем монд. Бубин Солеҳ Ҷалил бо ҳама он дороияш дунёи фониро чӣ тавр падруд гуфт ва ба гумон аст, ки кафане низ бо худ бурда бошад. Модоме ки дунё ба Солеҳ Ҷалил вафо накард, пас куҷост каф ба ману Лайлӣ вафо кунад?
“Ба фикрам шеф санҷиши ҳамин масъаларо ба зиммаи кадоме аз наздиконаш вогузоштааст,” - ба ёд овард суханони Гурдофаридро ва дилаш таҳ кашид, мисли оне ки боре ҳангоми савор буданаш дар тайёраи АН – 2 вақти ба поён рафтани тайёра, дилаш таҳ кашида буду хаёл кард, ки шушаш ба даҳонаш омад.
Бубин, ман бо худ чӣ кардам. Агар он бор вафо мекард, ба соҳибаш мекард ва Солеҳ Ҷалил аз бори овардааш чӣ дид, ки ман бинам? Чӣ тавр ман кўтоҳназарам. Эшони домулло дар Қӯрғонтеппа мегуфт, ки «то нахўрӣ санг, кай гардӣ самоъ», вале ман аз санг хўрдан ҳам ақл нагирифтам, ки нагирифтам. Эй Худо, ман дар зери бурҷи кадом ситораи наҳс ба дунё омадам? Нафси ҳама нафс шуду нафси ман балои ҷон.
Ҳар қадар аз рўйи нафс шуда шатта хўрдам, вале боз ҳамонам, ки ҳамон.
Ҳатто дар дили Гурдофарид тарсу ҳарос маскан гирифтааст ва чаро ман дар он шаби тор андеша накардам, ки пинҳон кардани бор ин бо думи шер бозӣ кардан аст. Магар шарт буд, ки ба Лайлӣ дурўғ ҳисобот диҳам ва ҳам худ ва ҳам ўро ба доми бало кашам. Охир, сар амон бошад, кўлоҳ ёфт мешавад ва барои кадом як боре, ки обу лой кардани он кори осон нест, сари сабзи хеш барбод додан ин аҳмақист…
– Ҳар амалеро подошест, ҷав киштӣ ҷав мегирӣ, гандум киштӣ гандум.
–Чӣ хел подош? О, ман Солеҳ Ҷалилро бо ихтиёри худ напарондам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё