Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 513 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аз он ки як ҳафта боз онҳо ҳамин масъаларо ба инобат нагирифтанд, Сорбони Ҳомид таассуф хўрд. Таассуф бар он хўрд, ки онҳо вақтро беҳуда аз даст доданд. Чун вақт рафт, нақд ҳам рафт.
Маҳкумшудагон бар он ақида буданд, ки Солеҳ Ҷалилро дар интиқоли маводи мухаддир дастёре ҳаст ва аз эҳтимол дур нест, ки ўро ба мақсади аз худ кардани бор ҷисман аз байн набардошта бошанд. Ҳарду маҳкумшуда ҳам сабаби асосии дар маҳбас афтиданашонро аз Солеҳ Ҷалил медиданд.
Бубин, моро дастгир намуданду ўро не. Шояд таги коса нимкосае буд.
Файзуллоев ҳодисаеро ба ёд овард, ки милиса наметавонист дуюмбора ба он аз паси панҷа нигарад.
– Боре дар километри ҳаштуми шоҳроҳи Душанбе - Қаратоғ, - гуфт Файзуллоев, - Солеҳ Ҷалил дар мошини «Волво» – и рангаш сабз ҳамроҳи хонуми зебое бор овард. Дар сари чанбарак ҳамон хонум менишаст. Аз он чӣ ки Солеҳ Ҷалил аз ронанда канораҷўӣ накард, ман ба хулосае омадам, ки духтар низ аз кирдорҳои пасипардагии вай бохабар аст.
– Чаро ҳамон вақт ҳамин гапро дар тафтишот нагуфтед?
– Ман гуфтам, вале муфаттиш гўш накард. Гуфт, ки домони ҳамаро дошта истодан нишонаи мардӣ нест. Рўзгори паст духтари тоҷикро ба чунин роҳ бурдааст ва ҳаминаш намерасид, ки мо духтари бист - бистудусоларо бо ҷурми даст доштан дар интиқоли маводи мухаддир ба ҳабс гирем.
Аздусар аз суд шудани ҳамон духтар ҷазои худат сабук нахоҳад гашт. Ман дигар бо муфаттиш баҳс накардам, чунки то андозае ҳақ ба ҷониби ў буд. Ба замми ин, аз он духтар ҳам бадие надида будам. Ман то қиёмат аз Солеҳ Ҷалил домангирам, чунки ў бо фиребу найранг моро ба ҳамин роҳ ҳидоят кард.
– Рақами мошин ё номи он духтарро дар ёд надоред?
–«Волво» ранги сабз дошт, рақами охиринаш 48. Ман наметавонистам, ки дар ҳузури Солеҳ Ҷалил номи он духтарак бипурсам.
–Чӣ тавр рақами 48 дар ёдатон монд?
– Таваллуди модарам 1948 аст, шояд аз рўи ҳамин бошад.

пешина
аз 513
навбатӣ