Асарҳои мунтахаб ҷилди 10

Даврон низ бо дили аз дарду ғам саршор аз паси он пардаи ҳарир қафо рафт…
Лейтенанти калони хизмати дохилӣ матлаби Сорбони Ҳомид чун бишунид, ўро рост ба назди сардори колонияи ислоҳи меҳнатӣ полковники тоссаре бурд. Сорбони Ҳомид матлаби хеш ба таври расмӣ баён сохт ва мактуби Ҳамид Ҷовидро аз ҷузвдон берун оварда, болои мизи корӣ гузошт.
Сардори колония ба чашм айнак гузошта, онро хонд ва сар бардошта дид, ки меҳмон ҳанӯз ба таври низомӣ рост истодааст, ўро ба нишастан таклиф кард.
– Хуш, дар Гулобод чӣ гапҳои тоза? - ниҳоят айнакашро аз чашм гирифта, ба як гўшаи мизи кориаш гузошта пурсид сардори колония.
– Ҳама тинҷӣ.
– Агар тинҷӣ мешуд шуморо Ҳамид Ҷовид ба ин ҷо мефиристод?
Сорбони Ҳомид муфассал оид ба ташрифи худ сухан кард, чунки дар мактуб мақсад пурра баён наёфта буд. Ҳамин хел Ҳомид Ҷовид аз сардори колонияи «Я» 9/6 хоҳиш карда буд, ки ба капитани милитса Сорбони Ҳомид барои пурсидани Файзуллоев Қамар Вайсович ва Хоркашов Муҳаббат Ибодович, ки айни вақт муҳлати ҷазои хешро дар колонияи мазкур адо мекарданд, бинобар зарурияти оперативӣ рухсат диҳад.
Сардори колония дар гўшаи мактуби аз ШКД – и ноҳияи Гулобод оварда чизе навишт ва ба дасти лейтенанти калон дод. Аз нигоҳаш Сорбони Ҳомид фаҳмид, ки сардор вазифаи хешро ба анҷомрасида ҳисобид. Ў аз ҷой бархест ва рухсати рафтан пурсид. Лейтенанти калон ўро ба назди ҷонишини сардор оид ба корҳои оперативӣ бурд.
Қисми оперативии колонияро майори хизмати дохилӣ Ҳамроев роҳбарӣ мекардааст ва ў низ мақсаду мароми Сорбони Ҳомид ва сабаби ташрифашро ба муассисаи ислоҳи меҳнатӣ пурсон шуд. Капитани милиса дар доирае, ки қонун нисбат ба чунин корҳо рухсат медиҳад, Ҳамроевро аз ташрифи хеш огоҳ намуд. Сипас, ўро ба утоқи кории алоҳидае бурданд ва бо тавсияи Ҳамроев Сорбони Ҳомид аввал бо Хоркашев ва сипас бо Файзуллоев тайи се соат суҳбати хоса намуд…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё