Зеҳн
АГРОБИОЛОГИЯ, СЕЛЕКСИЯ ВА ТУХМИПАРВАРИИ КАРТОШКА

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 99 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Дар муддати солҳои 1988 – 1991 -ўм мо ҳар сол қариб то 2 ҳазор парвардаҳои навъҳои гуногуни картошкаро, ки аз тухумҳои ботаникӣ аввал дар шароити гармхона сабзонида, баъд ба ноҳияҳои Ҷиргатол ва Ғончӣ бурда, дар ҳавои кушод афзоиш ва омўхта шудаанд. Баъди ба замин гузаронидани ниҳолҳои картошка, ба онҳо об додан лозим аст. Чорабиниҳои дигари парвариши ниҳолҳо аз чорабиниҳои парвариши картошкае, ки аз лўндаҳо парвариш меёбанд фарқ надорад. Вале дар соли якуми афзоиш, баъзе аз навъҳои картошка лўндаҳои хурд (севок) дода, дар соли дуюм лўндаҳои калон медиҳанд (Партоев, 2013).
Дар Ҷумҳурии Узбекистон бо усули парвариш намудани картошка аз тухумҳои ботаникӣ ба онҳо муяссар гаштааст, ки барои бо тухмии солим таъмин намудани 1 га киштзори картошка метавон дар майдони 50 метри мукабаъ тухмҳои ботаникии ин ё он навъи картошкаро шинонида, то 100 ҳазор ниҳолро (парвардаи картошкаро) ба даст овардан мумкин аст (Carli C. and et al., 2008). Барои пурқувват гаштани ниҳолҳои ҷавони картошка, баъди 2-3 барга гаштани онҳо бо моеъи кории 0,1 фоизаи мочевина (1грам дар 1 литр об) ба болои онҳо пошидан фоидаи калон дорад. Дар вақте, ки ниҳолҳо 4-5 барга мегарданд онҳоро ба замин мегузаронанд. Баъди гузаштани 85-90 рўз баргу пояи ниҳолҳо даравида шуда, ҳосили онҳо ҷамъоварӣ карда мешавад. Лўндаҳои аз 20 грамм вазн ва даиметрашон аз 30 мм зиёд бударо ба сифати тухмӣ ба харидорон пешкаш менамоянд.
Лўндаҳои вазнашон 1-20 грамаро барои дар соли оянда, мисли тухумҳои ботаникӣ барои сабзонидани парварда истифода мебаранд. Барои осон намудани проссеси шинонидани тухумҳои ботаникӣ онҳо як меъёри муайян (шаблон) ки аз чўбҳо сохта шудааст ва дарозиаш 1 метр, байни қаторҳо 25 см ва байни лонаҳои тухумшинонӣ 4см ва дарозии дандонаи чуқуркунак 0,5 см тайёр карда шудааст. Мувофиқи ҳисоботҳои ин мутахассисон барои ба даст овардани тухмии солими картошка ба усули истифодабарии тухумҳои ботаникӣ тақрибан аз 3 ниҳоли картошка 100 дона мева (қўра) ба даст оварда шуда, аз онҳо 20 грам тухми ботаникӣ ба даст оварда мешавад. Дар 1грам 1000 дона тухуми ботаникӣ мавҷуд аст. Дар 1 метри мукабаъ 100 дона тухум шинонида мешавад. Барои 30 ҳазор дона лўндаҳои хурди парварда мешудагиро ба даст овардан 100 метри мукаабъ майдон лозим аст.
Ин схемаи парвариш чунин миқдорҳоро метавонад дар бар гирад:3- то ниҳоли картошка;100 дона мева (ғўра); 20г тухм ;100 мет.мук; 30 ҳазор дона лўндаҳои хурд барои шинондан онҳо дар майдони 1 га.
Ба ҳамин тариқ барои ба даст овардани тухмии солими картошка метавон аз усули афзоиши тухумҳои ботаникии навъҳои ин зироат всеъ истифода бурд.

пешина
аз 99
навбатӣ