АГРОБИОЛОГИЯ, СЕЛЕКСИЯ ВА ТУХМИПАРВАРИИ КАРТОШКА

Инчунин вай ба воситаи майса, чашмакҳои алоҳида, қисми тана ва навдаҳояш низ афзоиш меёбад.
Вале дар институтҳои тадқиқиотӣ - илмӣ ва барои ба даст овардани навъҳои нави селексионӣ, инчунин аз ҳаргуна касалиҳои вирусӣ озод намудани картошка усули аз тухумҳои ботаникӣ афзоиш додани картошка васеъ истифода бурда мешавад.
Махсусан, дар ин корҳо чунин нишонаи навъҳои ин зироат – ҳосил намудани ғўра (мева) хело зарур мебошад. Таҷрибаҳои гузаронидаи мо дар муддати солҳои 1994-2012 дар шароити ноҳияҳои Ҷиргатол, Ғончӣ, Файзобод, Мўъминобод, Тавилдара ва дигар минтақаҳои кўҳистон нишон доданд, ки аксарияти навъҳои картошка дар шароити ин ноҳияҳо хуб гул карда, мева мебанданд. Вале дар баробари ин вомехўранд навъҳое, ки гули бисёр карда, вале мева (ғўра) намедиҳанд. Ин ҳолат сабҳои гуногун дорад. Вале дар ин раванд мувофиқ набудани шароити обу ҳаво ва носолимии гарди навъҳо омилҳои ҳалкунанда ба шумор мераванд (Партоев, 2014).
Мо корҳои амалиамонро оиди сабзонидани ниҳолҳои картошка аз тухумиҳои ботаникӣ дар шўъбаи картошкапарварии ИИИ «Боғпарвар» одатан дар шароити водии Ҳисор дар гармхона моҳи феврал сар менамудем (Партоев, 2013). Тухмиҳои навъҳои картошкаро дар тағораҳои плассмасӣ, ки пур аз омехтаи хоку поруи пўсида мебошанд дар чуқурии 0,5-1,0 см мекоранд ва об мепошанд.
Сабзида баромадани ниҳолҳо тахминан баъди 10-15 рўз оғоз мегардад. То баромадани ниҳолҳо намнокии муътадили тағораҳо нигоҳ дошта мешавад. Дар як тағора, ки масоҳаташ 60х60см мебошад то 100 дона тухми картошка шинонда мешавад. Дар давраи се-чор барга шудани ниҳолҳо, ки ин аз рўзи баромади ниҳолҳо қариб 40-50 рўзро дар бар мегирад метавон онҳоро дар дигар тақораҳо аз рўи схемаи 20х10см тоқа шинонд. Инчунин чунин дар ин вақт мумкин аст, ки онҳоро дар беруни гармхона дар ҳавои кушод низ шинонда парвариш намуд. Таҷрибаҳои гузаронидаи мо нишон доданд, ки дар сурати парвардаи ниҳолҳоро аз тухум дар муддати феврал – апрел дар шароити гармхонҳо дар водии Ҳисор тайёр намуда, дар моҳи май дар шароити ноҳияҳои кўҳистон (дар баландии 1500-2000 метр аз сатҳи баҳр) парвардаро дар зери ҳавои кушонда шинондан, дар моҳҳои сентяру- октябр аз ҳар бех ниҳол то 1-1,5 кг ҳосили лўндаҳоро ба даст овардан мумкин аст, ки чунин ҳосилнокӣ аз бехҳои аз лўндаҳои бутуни картошка шинондагӣ камӣ надорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё