АГРОБИОЛОГИЯ, СЕЛЕКСИЯ ВА ТУХМИПАРВАРИИ КАРТОШКА

Ин чунин аз чуб ё ин ки аз трубаҳои васеъи сементӣ ҳавокашакҳоро сохта, дар масофаи 1,5-2,0 метр аз ҳамдигар онҳоро ҷойгир намудан лозим аст. Қабати ғафсии ғарами лўндаҳо бояд аз 1,0-1,5 м зиёд набошад. Ҳарорати анборхонаҳо дар фасли зимистон бояд +3–+5 °C бошад. Дар моҳҳои марту апрел шабона хуб мешуд, ки дару тирезаи анборхонаҳо кушода, вале рўзона пўшида бошад, ки ин барои салқин нигоҳ доштани анборхонаҳо кўмак мерасонад. Дар ин вақт ҳарорати паст барои насабзидани майсаи лўндаҳо ва напўсидани онҳо кўмак мерасонад. Дар бисёр ноҳияҳо аз сабаби набудани анборхонаҳо лўндаҳои картошкаро баъди чидан дар чаҳҳои заминӣ низ нигоҳ медоранд. Ҳаҷми чаҳҳо аз миқдори лўндаҳо вобата буда, одатан чуқурии чаҳҳо 1,0-1,5 метр, бару дарозиашон метавонад 2-4 метр бошад. Мумкин аст, ки лўндаҳои картошкаро дар болои замин ба намуди ғарам (бурт) низ нигоҳ дошт. Барои ин хоки заминро дар чуқурии 0,5 метр кофта, лўндаҳои картошкаро боли ҳам то 1,5 метр рехта, баъд болои онҳоро бо каме коҳ пўшонида, баъд бо қабати 0,1-0,2 метраи хок пушонидан лозим аст. Дар зери хок нигоҳ доштани лўндаҳо барои сарфи зиёдатӣ нагаштани ҳосил кўмак расонида, онҳо тоза ва хуб то баҳор нигоҳ дошта мешаванд. Вале, пеш аз ба чунин тарзи нигоҳдорӣ, лўндаҳо бояд нағз муоина гашта, лўндаҳо захмин ҷудо карда шаванд.
4.5. Агротехникаи картошкаи тобистона
Тайёр намудани замин. Картошкаи дар тобистон киштшаванда одатан баъди ғунучин намудани ҳосили ғалладонагиҳо, сабзавотиҳои барвақтӣ(карам, шалғам, сабзӣ ва ғайраҳо) ва дигар зироатҳои хўроки чорво, ки ҳосили онҳо то моҳҳои июн ва июл пўхта мерасад, кишт карда мешавад. Баъди ҳосили зироатҳои пешинаро ғундоштан, одатан хоки заминҳо зери ҳарорати баланди ҳаво хело сахт мегардад. Барои оне, ки қабати болоии хок нарм гардад, бояд ба чунин заминҳо оби сабук дода шавад. Фоидаи ин оби сабук инчунин дар он аст, ки бисёр тухмҳои алафҳои бегона ё ғалладонагиҳо обро ҷабида, неш мезананд ва дар вақти гузаронидани шудгор онҳо зери хок гашта, мепўсанд. Баъди ин оби сабук бояд шудгори тобистона гузаронида шавад. Баъди шудгор кулухҳои замин бояд майда гарданд ва бо намии замин нопарида, бояд кишти картошкаи тобистона гузаронида шавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё