АГРОБИОЛОГИЯ, СЕЛЕКСИЯ ВА ТУХМИПАРВАРИИ КАРТОШКА

Чуқурии кишти лўндаҳо бояд 10-12 см бошад.Схемаи кишти лўндаҳо бояд 70х 23-25 см бошад.
Мўҳлати кишт. Дар шароити боду ҳавои ноҳияҳои марказ, ҷануб ва шимоли мамлакат метавонад июн, июл ва август бошад.
Барои ноҳияҳои водии Ҳисор ва вилояти Сўғд мўҳлати хуби кишти тобистонаи картошка аз нимаи дуюми моҳи июн то ававли моҳи августро бошад. Дар ноҳияҳои ҷанубии водиҳои Кулобу Вахш мўҳлати хуби кишти тобистонаи картошка метавонад, ки аз даҳрўзаи охири моҳи июл то нимаи дуюми моҳи августро бошад.
Тайёр намудани тухмӣ. Аз сабаби оне,ки дар тобистон лўндаҳои картошка дар зери ҳарорати баланди ҳаво кишт карда мешаванд, бояд онҳо аз захму касалиҳои занбурўғӣ ва бактериявӣ озод бошанд. Чунки, чунин лўндаҳои носолим метавонанд, ки ба тамом пўсида, боиси гузаштани вақт ва сарфи зиёдатӣ гардад.
Барои оне, ки лўндаҳои тухмӣ аз зери хок тез наш зада бароянд, онҳоро пеш аз кишт намудан, майсаи онҳоро то 2-4 см сабзонида, баъд кишт намудан лозим аст. Вале, агар лўндаҳо бо ёрии картошакашинонакҳо кишт гарданд, дарозии майсаи онҳо бояд аз 0,5 – 1,0 см дароз набошад. Лўндаҳои тухмии картошкаро то фаро расидани вақти кишт дар яхдонҳо, таҳхонаҳо ва дигар ҷойҳои салқин нигоҳ медоранд, то ин ки онҳо насабзида, қуввваи сабзишашонро кам нагардонанд.
Дар васли тобистон тухмии хушсифатро ба миқдори зарурӣ дарёфт намудан на ҳамавақт муяссар мегардад, бинобар ин аввал лўндаҳои тухмиро дар зери қум,, коҳ ё ин ки хоку порўи пўсида сабзонида, парвардаи онҳоро чанд маротиба гирифта мешинонад.
Барои ин лўндаҳои тухмиро дар ягон ҷои соя ( одатан дар зери дарахтон, дар ҷои салқинтар) ба руи замин аз руи схемаи 3х2см ҷойгир намуда, ба болои онҳо 3-4см қум мерезанд. Ба ҷои қум метавон ин чунин омехтаи поруи пўсида ва хокро ё ин ки коҳи пўсидаро низ истифода бурд.
Баъди ин лўндаҳоро ҳар рўз об пошида, боли онҳоро доим нам нигоҳ доштан лозим аст. Майсаи онҳо вақте, ки 8-10см мегардад, оҳиста аз танаи лўндаҳо ҷудо сохта, дар ҷўякҳои пешакӣ омода сохта, шинонида мешаванд. Баъд аз шинонидани парвардаҳои картошка ба онҳо бояд об монд. Правардаи ниҳолҳо бояд баъди соатҳои 17-18 шинонда шаванд. Лўндаҳои дар зери қум бударо боз об пошидан лозим, ки майсаи онҳо дуюмбора пайдо гардад.
Майсаи дуюмро низ гирифта ба замин гузаронида, сеюм маротиба, акнун лўндаҳоро бо майсаашон ба замин гузаронидан лозим аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё