Зеҳн
АГРОБИОЛОГИЯ, СЕЛЕКСИЯ ВА ТУХМИПАРВАРИИ КАРТОШКА

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 99 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Таҷрибаҳои илмие, ки аз тарафи Л.Н. Перлова дар солҳои 30-40-ўм ва Ҷ.Джаҳонгиров дар солҳои 90-ўми асри гузашта дар шароити Помир гузаронида шудаанд, исбот намуданд, ки шароити иқлими салқину нури сербунафши офтоб дар минтақаи баландкўҳи Помир боиси бештар пайдо гаштани ғураву тухмии навъҳои ёбоӣ, нимёбоӣ ва мадании картошка гашта, корҳои селексиониро оид ба даст овардани навъҳои нав ва тухмии аз касалиҳо озоди ин зироат хело осон мегардонад.
Таҷрибаҳои дар солҳои охир гузаронидаи олимони ИИИ «Боғпарвар» (Б.Каримов, Т.Муқимов, Қ.Меликов, М.Мавлонов ва дигарон) нишон доданд, ки қобилияти ғўрабандӣ ва тухмдиҳии аксари навъҳо ва гибридҳои картошка дар шароити кўҳсори ҷумҳурӣ хело нағз мушоҳида мегардад. Олимони ИИИ «Боғпарвар» дар натиҷаи ҷамъоварӣ намудани тухмии ботаникии навъҳои гуногуни картошка (аз ғураи навъҳо) коллексияи бойро ташкил доданд, ки барои дар мўҳлатҳои дароз нигоҳ доштани навъҳои картошка аҳамияти калон дорад. Чи тавре, ки таҷрибаҳои гузаронидаи мо нишон доданд, дар натиҷаи аз тухмиҳои ботаникӣ сабзонидани аксари навъҳо ниҳолҳои сабзонидашуда аз бисёр нишонаҳои морфологӣ ва биологиашон якхела набуда, балки онҳо гуногунанд. Яъне ниҳолҳои аз тухум сабзонида шуда гуногунии аломатҳоро доро мебошанд, ки ин барои интихоби сунъии бехҳои серҳосилу ба касалиҳо тобовар аҳамияти калон дорад. Ниҳолҳои аз тухум сабзонида шуда метавонанд, ки аз бисёр касалиҳои вирусӣ озод буда, ҳамчун материали нав дар корҳои селексионӣ ва тухмипарварӣ истифода бурда шаванд.
Чи тавре дар боло қайд намудем, бисёр навъҳои картошка дар вақти аз тухумҳо сабзонидан аз руи бисёр аломатҳои биологиашон таҷзия (расщепление) гашта, барои интихоби клонҳои серҳосил ва ба касалиҳо тобовар кўмак мерасонад.
Ҳосили чунин ниҳолҳои бо нишонаҳои алоҳидаашон фарқкунанда, алоҳида ҷамъоварӣ гашта, соли оянда дар питомники селексионии омўзиши ниҳолҳои соли якўм дар радифи навъҳои модарӣ ва муқаррарӣ (стандартӣ) омўхта мешаванд. Агар ин бехҳои ҷудогашта дар ин питомник нишондиҳандаҳои беҳтарро доро бошанд, ҳосили онҳо алоҳида ҷамъоварӣ гашта, дар соли оянда боз дар питомники соли дуюми омўзишӣ дар радифи навъҳои модарӣ ва муқаррарӣ омўхта мешаванд.

пешина
аз 99
навбатӣ