АГРОБИОЛОГИЯ, СЕЛЕКСИЯ ВА ТУХМИПАРВАРИИ КАРТОШКА

Дар ин питомник бехҳои чудогашта дар се киъаи ҷудогонаи қитъаи санҷишӣ (питомник) ба се маротиба такроршавӣ (30 дона ниҳол дар ҳар қитъаи такрорӣ) кишт гашта, омўхта мешаванд. Ин хати (линияи) нави селексионӣ агар боз нишондодҳои хубро дар ин питомник нишон диҳад, пас вай дар питомники навъсанҷӣ дар муддати ду сол омўхта мешавад. Баъди ин муаллифон ба ин линияи нав ном гузошта, онро барои омўхтан ба Комиссияи давлатии навъсанҷӣ дар асоси Қарори Шўрои илмии институте, ки дар он фаъолият менамоянд месупоранд.
Навъи нави картошка дар хоҷагиҳои навъсанҷии давлатӣ ду – се сол омўхта мешавад. Агар дар ин муддат ин навъи нав бо нишнаҳои ҳосилнокиаш, ба касалиҳо тобовар будан, лўндаҳояш хуштаъм будан, бо тезпазиаш, бо қобилияти хуби нигоҳдории лўндаҳояш дар вақти нигоҳдорӣ ва ғайраҳо нисбат ба дигар навъҳои муқаррарӣ бартарӣ дошта бошад, Комиссияи давлатӣ метавонад вайро барои ноҳиябандӣ кардан (районирование) рўхсат диҳад. Ба ҳамин тариқ аз давраи тухум то дар истеҳсолот ҷорӣ намудани навъи нави картошка тахминан 7-9 сол мегузарад.
Бо усули аз тухмҳои ботаникӣ сабзонидани ниҳолҳо олимони ИИИ «Боғпарвар» аз навъи тезпази Монолиза навъи нави картошка – Заринаро ба даст оварданд, ки ин навъ соли 2007 дар ҷумҳурӣ ноҳиябандӣ карда шуд. Дар таркиби лўндаҳои ин навъ нисбат ба дигар навъҳо крахмал бештар буда, ба касалиҳо тобовар ва нисбатан серҳосил мебошад.
Натиҷаҳои омўзиши ин навъ, ки дар шароити ноҳияи Файзобод гузоронида шудааст чунин аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё