Зеҳн
АГРОБИОЛОГИЯ, СЕЛЕКСИЯ ВА ТУХМИПАРВАРИИ КАРТОШКА

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 99 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Лўндаҳояш кулўлаи андаке дарозрўя буда, дар минтақаи кўҳӣ бештар гулобӣ, дар хоҷагиҳои наздикўҳию водӣ сурхтоб мешаванд, аксар вақт тур мебанданд. Чашмаки лўндаҳо сурх, ҷойгириашон рўяк мебошад. Мағзи лўндаҳо сафед аст. Вобаста ба шароити парвариш лаззати лўндаҳо аз қаноатбахш то хуб мебошад. Пояаш миёнақади сербарг аст. Баргҳояш калон, ранги сабзи кушод доранд. Баъди аз гул фаромадан баргу пояаш зардчатоб мешавад. Гулаш бунафши сурхчатоб буда, дар қитъаҳои салқини кўҳию доманакўҳӣ кам-кам ғўра мебандад.
Яке аз навъҳои серҳосил буда, дар ҳама минтақаҳои парваришёбӣ ин хосияти худро нигоҳ медорад. Лекин мисли навъи Невский барои рўёнидани картошкаи барвақтӣ кишти он дар водиҳо қулайтар аст; ҳангоми барои кишт истифода гардидани тухмии дар равшанӣ неш занонидашуда баъди 35-40 рўзи пайдоиши сабзаҳо лўндаҳои хуби молӣ (то 70-90 г) мебандад.
Миқдори лўндаҳояш дар як бех одатан 3-5 дона мешавад, вале онҳо хеле калон шуда, баъзан ба 800-1200 г мерасанд. Бинобар ин кишти зичтари он мақсаднок аст, зеро дар ин ҳол бештар лўндаҳои миёнаандоза ташаккул меёбанд. Аз ҳар гектар то 350- 400 сентнер ҳосил парвариш кардан мумкин аст.Ба тобхўрию қатшавии баргҳо, нематодаи тиллоранги картошка ва фитофтороз тобоварии саҳроӣ дорад, вале аз пажмурдашавии столбурӣ ва чини нақшину рах-рах (вируси У) зарар мебинад. Ба ризоктониоз тобовар нест. Аз ин касалӣ сироят ёфтани растаниҳои ин навъ бештар дар киштзорҳои баҳории дерӣ (охири моҳи май) ва тобистонии доманакўҳӣ мушоҳида мешаванд ва сирояти ризоктониозӣ бисёр вақт боиси тарқишҳои сатҳии лўндаҳо мегардад.
Навъи «Кардинал». Ин навъ дар Голландия ба даст оварда шудааст. Навъи универсалӣ аст. Ба ҷумҳурии мо аввалин маротиба дар соли 1984 оварда шудааст. Навъи миёнаи дерпазак мебошад (давомнокии вегетатсиааш 110-120 рўз аст). Пояи баланди боқуввати сербарг дорад. Гулҳояш сурхи бунафши зебоянд.
Давраи гулафшониаш хеле давомнок аст, мева (ғура)-бандиаш суст аст. Лўндаҳояш дарозшакл буда, ранги сурх, чашмакҳои майдаю рўякии зардчатоб, мағзи лўндаҳо зард ва хосияти хуби нигоҳдорӣ доранд.

пешина
аз 99
навбатӣ