АГРОБИОЛОГИЯ, СЕЛЕКСИЯ ВА ТУХМИПАРВАРИИ КАРТОШКА

Миқдори лўндаҳои як ниҳол то 5-7 дона мебошад.
Дар минтақаҳои кўҳӣ ҳосили хуб медиҳад (то 350-450 с/га). Дар водиҳо бошад, ҳосилнокиаш миёна, зеро давраи лўндабандиаш ба вақти ҳавои гарму хушк рост меояд.
Зимни тўли якчанд сол иваз накардани тухмӣ, агрофони паст, инчунин ба давраи ҳарорати баланд рост омадани ҳосилбандӣ лўндаҳояш ранги гулобӣ мегиранд.
Ба як қатор касалиҳо, аз ҷумла нақшҳои рах-рах (вируси У), чини нақшини баргҳо (вируси У дар пайвастагӣ бо дигар вирусҳои мозаикагӣ), тобхўрии баргҳо (вируси L), захми муқаррарӣ ва фитофтороз (касалиҳои занбурўғӣ), нематодаи тиллоранги картошка (фитогелминтоз) тобоварии саҳроӣ дорад. Дар тўли солҳои давомноки парваришёбӣ оиди аз готика (вироиди дугшакли лўндаҳо) сироят ёфтани он маълумоте нест. Дар Тоҷикистон ноҳиябандӣ шудааст.
Навъи «Монолиза». Ин навъ дар Голландия дар натиҷаи дурагакунии навъҳои Берма А1287ХКолмо ба даст оварда шудааст. Ба рўйхати навъҳо соли 1985 дохил карда шудааст.
Олимони Тоҷикистон ин навъро дар муддати солҳои 1984 -1990 дар минтақаҳои гуногуни мамлакат омўхтаанд. Ҳоло ин навъи лаззиз аз тарафи деҳқонҳои ноҳияҳо Ҷиргатол ва Ғончӣ афзоиш дода мешавад.
Пояи ниҳолҳои навъ ғафс буда, 90 – 110 см дарозӣ дорад.
Қисми поёнии поя ранги ҷигарии кабудчатоб дорад. Баргаш нафиси калон аст. Гули ин навъ сафед буда, давраи гулкуниаш кўтоҳ мебошад, ғўраи (мева) бисёр мебандад. Лўндаҳояш ранги зарди баланд доранд. Чашмакҳои лўнда каманд ва хело рўяк ҷойгир гаштаанд. Лўндаҳояш дарозрўя буда, бисёр намуди нафис доранд. Ранги мағзи лўндаҳо низ зард мебошад. Ранги майсааш бунафши сафед аст.
Ин навъ тезпаз буда, асосан барои ғизои одамон парвариш меёбад. Маззаи лўндаҳояш хело хуб аст. Миқдори крахмал дар лўндаҳояш то 17 фоизро ташкил медиҳад. Навъ ба касалии саратон тобовар буда, ба касалиҳои вирусӣ, занбўруғӣ ва бактериявӣ кам тобовар аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё