Зеҳн
АГРОБИОЛОГИЯ, СЕЛЕКСИЯ ВА ТУХМИПАРВАРИИ КАРТОШКА

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 99 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Ҳоло ин навъ дар ноҳияҳои Роғун, Мўъминобад, Балҷувон, Ҷиргатол ва Ғончӣ аз тарафи деҳқоно парвариш карда мешавад.
Навъи «Мўъминобод». Дар натиҷаи интихоби клонҳо аз байни растаниҳои навъи Жуковский ранний, ки бо усули биотехнологӣ аз касалиҳо озод карда шуда буданд, дар соли 2003 ҷудо карда шудааст. Яъне ин навъ дар натиҷаи мутатсияи клоналии ҳўҷайраҳои апикалии меристемавӣ бо истифодабарии услуи биотехнологӣ ба даст оварда шудааст. Дар руйхати навъҳои Институти ботаника, физиология ва генетикаи растении АИ ҶТ ҳамчун навъи Мўъминобод ба қайд гирифита шудааст (муаллифон: Алиев Қ.А., Салимов А.Ф., Давлатназарова З.Б., Каримов Б., Наимов А.С., Назарова Н.Н.).
Навъи Мўъминобод дар натиҷаи ҳамкориҳои олимони Институти ботаника, физиология и генетикаи растении Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур ба даст оварда шудааст.
Дар муддати солҳои 2003-2008 бо усули афзоишдиҳии биотехнологӣ дар шароити озмоишгоҳ, гармхонаҳо ва саҳрои кушоди аз барангезандагони касалиҳои вирусӣ озод, дар минтақаҳои кўҳӣ дар баландии 2000 м аз сатҳи баҳр дар шароити ноҳияи Мўъминободу Ҷиргатол ва дигар ноҳияҳои кўҳӣ санҷида шудааст.
Дар соли 2010 навъи нави Мўъминобод ба Комиссияи давлатии навъсанҷии Вазорати кишоварзӣ супорида шуд. Ин навъи картошка дар муддати
солҳои 2010-2012 дар як қатор ноҳияҳои кўҳӣ аз тарафи Комиссияи давлатии навъсанҷии Вазорати кишоварзии Тоҷикистон омўхта шуд.

пешина
аз 99
навбатӣ