Зеҳн
АГРОБИОЛОГИЯ, СЕЛЕКСИЯ ВА ТУХМИПАРВАРИИ КАРТОШКА

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 99 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Ҳоло ин навъ дар шароити ноҳияҳои Мўъминобод, Ҷиргатол, Файзобод, Кўҳистони Мастчоҳ ва дигар ноҳияҳои кўҳӣ парвариш меёбад. Баландии пояи навъ ба 60- 70 см расида, бо нишонаи миқдори баргҳо навъи миёнабарг ба шумор меравад.
Давраи гулафшониаш кўтоҳ буда, ранги гулаш сафед аст. Кам ғўра баста, ғўраҳои ҳаҷман хурд дорад. Лўндаҳояш сафеду кулула ва дарозшакл мебошанд. Чашмакҳои лўндаҳо рўяк ҷойгир шудаанд ва ранги чашмакҳо ва майсааш сафед аст.
Навъ миёнапаз буда, давомнокии вегетативиаш 80-90 рўзро ташкил медиҳад. Дар як ниҳол 5-7 дона лўнда ҳосил мешавад ва вазни миёнаи онҳо 70-80 г аст. Ҳосилнокӣ ба 300 – 350 с/га мерасад.
Ба касалиҳои вирусӣ, бактериявӣ ва занбурўғӣ тобовар аст.
Навъи «Дўстӣ». Дар натиҷаи дурагакунии линияҳои селексионии картошка LT-8 x TS-15 (дурагакунӣ дар Маркази умумҷаҳонии картошка - СИП) дар соли 1999 гузаронида шудааст. Дар руйхати навъҳои Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АИ ҶТ, навъ зери ТПС – 1 (TPS-1), дар руйхати навъҳои Маркази умумҷаҳонии картошка (СИП) зери рақами 998010 ба қайд гирифта шудааст(муаллифон: Алиев К., Наимов С., Партоев Қ., Сулангов М., Меликов К., Карли К.).
Навъи «Дўстӣ» (Дружба) дар натиҷаи ҳамкориҳои олимони тоҷик аз Институти ботаника, физиология и генетикаи растениҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти боғдорию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Ташкилоти ҷамъиятии «Тухмипарвар»
ва Маркази умумҷаҳонии картошка (Перу) ба даст оварда шудааст.

Навъ дар натиҷаи интихоби интихоби клонӣ аз байни растаниҳои дурагаи F1 (LT-8 x TS-15) дар соли 2005 ба даст оварда шудааст. Дар муддати солҳои 2006- 2011 бо усули афзоишдиҳии биотехнологӣ дар шароити озмоишгоҳ, гармхонаҳо ва саҳрои кушоди аз барангезандагони касалиҳои вирусӣ дар минтақаи кўҳӣ озод дар баландии 2700 м аз сатҳи баҳр дар шароити ноҳияи Ҷиргатолу дигар ноҳияҳои кўҳӣ санҷида шудааст. Дар соли 2010 ба ин навъ номи Дўстӣ дода шуда, ба Комиссияи давлати навъсанҷии Вазорати кишоварзӣ супроида шуд. Ин навъи нави картошка дар муддати солҳои 2010-2012 дар шароити ноҳяҳои гуногуни кўҳӣ аз тарафи Комиссияи давлати навъсанҷӣ омўхта шуда, соли 2013 дар ҷумҳурӣ ноҳиябандӣ карда шудааст (шаҳодатномаи № 94 аз 25 апрели соли 2013). Ҳоло ин навъ дар шароити ноҳияҳо Ҷиргатол, Ғончӣ, Мўъминобод, Файзобод, Ховалинг ва дигар ноҳияҳои кўҳӣ парвариш меёбад.
Навъ пояи баланд дошта ( 80- 90 см), сербарг мебошад.
Давраи гулафшониаш хело тўлонӣ буда, ранги гулаш сафед аст.
Ғўрабандиаш миёна буда, ғўраҳои ҳаҷман миёна дорад.
Лўндаҳояш сафед ва шакли кулулаи дарозрўя доранд. Чашмакҳои лўндаҳо рўяк ҷойгир шудаанд ва ранги чашмакҳо ва майсааш сафед аст. Навъ миёнапази дерӣ буда, давомнокии вегетативиаш 115-125- рўзро ташкил медиҳад. Дар як ниҳол 8-10 дона лўнда ҳосил мешавад ва вазни миёнаи онҳо 70-80 г аст. Ҳосилнокӣ ба 300 – 400 с/га мерасад. Ба касалиҳои вирусӣ, бактериявӣ ва занбурўғӣ тобовар аст.
Навъи «Файзобод». Дар натиҷаи дурагакунии линияҳои селексионии картошка LR93.221 x C 93.154 (дурагакунӣ дар Маркази умумҷаҳонии картошка - СИП дар соли 1999 гузаронида шудааст)ба даст оварда шудааст. Дар руйхати навъҳои Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АИ ҶТ, навъ зери Клони 1, дар руйхати навъҳои Маркази умумҷаҳонии картошка (СИП) зери рақами 397077.16 ба қайд гирифита шудааст (муаллифон: Алиев Қ., Азимов М., Давлятназарова З., Партоев Қ., Каримов Б., Карли К.).

пешина
аз 99
навбатӣ