АГРОБИОЛОГИЯ, СЕЛЕКСИЯ ВА ТУХМИПАРВАРИИ КАРТОШКА

Дар соли 2011 ба ин навъ номи Рашт дода шуда, ба Комиссияи давлати навъсанҷии Вазорати кишоварзӣ супроида шуд. Ин навъи нави картошка дар муддати солҳои 2011-2013 дар шароити ноҳяҳои гуногуни кўҳӣ аз тарафи Комиссияи давлати навъсанҷӣ омўхта шуда, дар соли 2014 дар ҷумҳурӣ ноҳиябандӣ карда шуд (шаҳодатномаи № 96 аз 14 апрели соли 2014).
Ҳоло ин навъ дар шароити ноҳияҳои Ҷиргатол, Ғончӣ, Мўъминобод, Файзобод, Ховалинг ва дигар ноҳияҳои кўҳӣ парвариш меёбад.
Дарозии пояи навъ ба 80 - 90 см расида, сербарг, баргҳои калон дорад ва ранги баргаш сабзи баланд мебошад.
Давраи гулафшониаш он қадар давомнок набуда, ранги гулаш бунавш аст.
Ғўрабандиаш кам ва ғўраҳои ҳаҷман хурд дорад. Лўндаҳояш сурхи баланд, шакли кулула ва дарозруя дорнад. Чашмакҳои лўндаҳо нисбатан чуқур ва рангашон бунавш аст. Навъ миёнапази дерӣ буда, давомнокии вегетативиаш 110-120- рўзро ташкил медиҳад. Дар як ниҳол 8-11 дона лўнда ҳосил мешавад ва вазни миёнаи онҳо 75-85 г аст.
Ҳосилнокӣ ба 330 – 430 с/га мерасад. Ба касалиҳои вирусӣ, бактериявӣ ва занбурўғӣ тобовар мебошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё