АГРОБИОЛОГИЯ, СЕЛЕКСИЯ ВА ТУХМИПАРВАРИИ КАРТОШКА

Навъи «АН-1». Дар натиҷаи дурагакунии линияҳои селексионии картошка SEDAFINxYY.3(дурагакунӣ дар Маркази умумҷаҳонии картошка - СИП дар соли 1999 гузаронида шудааст) ба даст оварда шудааст. Дар руйхати навъҳои Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АИ ҶТ, навъ ҳамчун Клони 8, дар руйхати навъҳои Маркази умумҷаҳонии картошка (СИП) зери рақами 392780.1. ба қайд гирифта шудааст. Ин навъи картошка дар натиҷаи ҳамкориҳои илмии олимони Институти ботаника, физиология, ва генетикаи растаниҳо Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ассосиатсияи илмию истеҳсолии «Тухмипарвар» ва Маркази умумиҷаҳонии картошка (Перу) ба даст оварда шудааст.
(Муаллифон: Алиев Қ.А., Партоев Қ., Давлятназарова З. Б., Наимов А.С., Бобохонов Р.).
Дар муддати солҳои 2006-2013 бо усули афзоишдиҳии биотехнологӣ дар шароити озмоишгоҳ, гармхонаҳо ва саҳрои кушоди аз барангезандагони касалиҳои вирусӣ дар минтақаи кўҳӣ озод дар баландии 2700 м аз сатҳи баҳр дар шароити ноҳияи Ҷиргатолу дигар ноҳияҳои кўҳӣ санҷида шудааст. Ин навъи нави картошка дар муддати солҳои 2011-2013 дар шароити ноҳияҳои Ҷиргатол, Ғончӣ, Мўъминобод, Файзобод ва дигар ноҳияҳои кўҳӣ омўхта шудааст. Дар соли 2014 ба ин навъ номи Академияи илмҳо - 1 дода шуда, ба Комиссияи давлатии навъсанҷии Вазорати кишоварзӣ супроида шуд.
Дарозии пояи навъ ба 60 -70 см расида,сербарг, баргҳои калон дорад ва ранги баргаш сабзи баланд мебошад. Давраи гулафшониаш он қадар давомнок набуда, ранги гулаш бунавш аст. Ғўрабандиаш кам ва ғўраҳои ҳаҷман хурд дорад. Лўндаҳояш сурхи баланд, шакли кулула доранд. Чашмакҳои лўндаҳо на он қадар чуқур буда, рангашон бунавш аст. Навъ миёнапаз буда, давомнокии вегетативиаш 70-80- рўзро ташкил медиҳад. Дар як ниҳол 9-12 дона лўнда ҳосил мешавад ва вазни миёнаи онҳо 60-80 г аст.
Ҳосилнокии навъ ба 300 –350 с/га мерасад. Ба касалиҳои вирусӣ, бактериявӣ ва занбурўғӣ тобовар аст.
Солҳои охир дар ҷумҳурӣ санҷиши васеи навъҳои голландӣ низ ба роҳ монда шудааст. Дар байни онҳо бо ҳосилнокии баланд навъҳои Сантэ, Пикассо, Кондор, Импала ва баъзеи дигарашон фарқ мекунанд. Чунончи, ҳосилнокии навъи Пикассо дар ноҳияҳои Ҷиргатол, Рашт, Ғончӣ дар заминаи истифодаи агротехникаи баланд то ба 400-450 с/га мерасад. Лўндаҳои ин навъ сифатҳои хуби молӣ доранд, хеле хуштаъманд. Бо вуҷуди ин парвариши он баъзе нозукиҳо дорад; агар ҳиссаҳои буридашудааш ба замин ҳамчун тухмӣ шинонида шаваданд, як қисмашон мепўсанд ва киштзор сирак мегардад; ҳангоми бо майдончаи васеътари ғизогирӣ гузаронидани кишт (нақшаи кишт- 70х20 см) дар таркиби ҳосили он ҳиссаи лўндаҳои калон, бисёр аст, ки вазни баъзе аз лўндаҳо ба 800-1000 г мерасад, хеле зиёд мегардад.
Аксари ин гуна лўндаҳо дарунковок мешаванд, як қисмашон дар замин ва дар вақти нигоҳдорӣ мепўсанд. Ғайр аз ин, баъзе лўндаҳо гирифтори ризоктониоз мегарданд ва тарқишҳо пайдо мекунанд, сифатҳои молиашон паст мегардад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё