АГРОБИОЛОГИЯ, СЕЛЕКСИЯ ВА ТУХМИПАРВАРИИ КАРТОШКА

Дар киштзори картошкаи тухмӣ нисбат ба картошказори хўрокӣ то 25-30 фоиз кам андохтани меъёри нуриҳои нитрогенӣ ба мақсад мувофиқ мебошад.
Ба кишт тайёр намудани тухмӣ. Ин амал камаш 15-20 рўз пеш аз кишти лундаҳо бояд оғоз гардад. Лўндаҳои тухмиро аз ҷои салқину торики анборхонаҳо ба ҷои гарм мегузоранд, то ки дар онҳо ҷараёни табадулоти физиологию биохимиявӣ суръатноктар гардад ва муғчаҳои чашмакҳо ба нешзанӣ омода гарданд. Дарозии нешакҳои лундаҳои киштшаванда дар вақти кишт бояд 0,7-1,0 см ва вазни онҳо - 30- 70 г бошад.
Барои дар киштзор пайдо нашудани касалиҳои занбуруғию бактериявӣ лўндаҳоро пеш аз кишт дар суспензияи 5-6 фоизаи ТМТД-и 80% ё дар суспензияи 1%-и фундазоли 5% тар мекунанд ва мехушконанд. Кишти картошкаро ҳангоми ҳарорати хок дар чуқури 10-12 см ба 6-8 дараҷа гармӣ расидан оғоз менамоянд, ки он зимни ба 10-12 дараҷа расидани ҳарорати миёнаи ҳаво ба амал меояд.
Бо мақсади ҳарчи зиёдтар рўёнидани лўндаҳои тухмӣ кишти картошкаро аз рўи нақшаи 70 х 18-20 см (дар вақти кишт бо картошкашинонак) ва 60 х20 см дар вақти дастӣ ё ин ки ба ёри ҳайвонҳои корӣ бояд гузаронида шавад. Дар ин ҳолат миқдори ниҳолҳо метавонад то 70 – 80 ҳазор растанӣ дар як га бошад.
Нигоҳу бини киштзор. Одатан аз лундаҳои солим баъди 18 – 20 рўзи кишт ниҳолҳо месабзанд. Бинобар ин то баромади ниҳолҳо ба қадри зарурӣ як коркарди байни қаторҳоро ё дастӣ ё ин ки бо нармкунакҳои КОН-2,8 ПМ, КРН – 4,2 мегузаронанд. Ин коркарди байни қаторҳо ба нобудшавии алафҳои бегона ва нармии хок мусоидат намуда, сабзиши ниҳолҳои картошкаро метезонад. Барои нест кардани алафҳои бегона алафкўшакҳоро (гербисидҳоро) истифода мебаранд. Ба муқобили растаниҳои яксола прометрин ва бар зидди алафҳои бисёрсола бошад трихлорарсетати натрий ва симазин самараи хуб мебахшанд.
Прометринро дар қитъаҳои ҳосилхезии хокаш хуб ба андозаи 4-5 кг/га ва дар заминҳои аз моддаҳои камғизо 3 кг/га истифода мебаранд. Суспензияи препаратро (200-400 л/га) ба сатҳи хок мепошанд. Ба муқобили алафҳои яксолаю бисёрсола дар як вақт омехтаи алафкушакҳои – симазин ва прометрин (1-3 кг/га), прометрин – хлорарсетати натрий (3-6 кг/га) низ истифода мебаранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё