Зеҳн
АГРОБИОЛОГИЯ, СЕЛЕКСИЯ ВА ТУХМИПАРВАРИИ КАРТОШКА

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 99 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Коркарди минбаъдаи байни қаторҳои картошкаи тухмӣ баъди пайдоиши ниҳолҳо гузаронида мешавад. То баҳамрасии баргу пояи растаниҳои қаторҳо одатан ду коркард мегузаронанд. Коркарди якуми байни қаторҳо дар чуқурии 12-14 см, дуюм – дар чуқурии 14-16 см (бо истифодаи белчаҳои тиршакл ва искана барои нобудкунии алафҳо) бо андохтани нуриҳои маъданӣ ва хоккаш намудани қаторҳо гузаронида мешаванд.
Обёрӣ. Низоми обёрӣ ба сифати лўндаҳои тухмии картошка таъсири калон мерасонад. Таъмини намнокии муътадили киштзор ба дарозии хатакҳо вобаста аст. Дарозии оптималии хатакҳо 60-80 метр ҳисоб меёбад.
Картошкаи тухмиро 8-10 маротиба обёрӣ мекунанд, меъёри обёрӣ ҳар дафъа 600-700 м3/га, фосилаи байни обмонӣ 5-7 рўз мебошад. Пеш аз чидани ҳосил обёрии растаниҳоро 15-18 рўз пеш қатъ менамоянд.
Чораҳои фитосанитарӣ. Чорабинии якуми фитосанитарӣ ҳангоми қадди растаниҳо ба 10-15 см расидан гузаронида мешаванд. Дар ин вақт растаниҳоеро, ки аломатҳои сиҳҳпоя, печидашавии барг, нақшҳои рах-рах, чиндории нақшини баргҳо, готика, инчунин бо нишонаҳои касалиҳои дигари вирусӣ, микоплазмагӣ дошта, решакан намуда, аз киштзор берун месозанд. Аз касалиҳо тоза кардани кишти картошкаи тухмиро бори дуюм дар давраи шонапайдошавӣ-гулкунӣ, бори сеюм пеш аз зардшавии баргу поя мегузаронанд. Зимни чунин чорабиниҳо ҳосили лўндаҳои растаниҳои касалро чинда, бо ҳамроҳии хоки назди решаҳо аз майдони кишт дур месозанд.
Ғунучин ва нигоҳдории картошкаи тухмӣ. Картошкаи тухмиро нисбатан ҷавонтар, яъне то расиши пурраи биологии онҳо ҷамъоварӣ менамоянд. Ин тадбир боиси баландшавии ҳосилнокии лўндаҳои тухмӣ ва кам шудани касалиҳо мегардад. Бо ин мақсад пояи растаниҳоро камаш 10-12 рўз пеш аз ҳосилғундорӣ нобуд мекунанд.
Барои нобудкунии баргу поя аз механизми алафдаравии КИР – 1,5 ё ин ки моддаҳои химиявӣ – десикантҳо истифода менамоянд (хлорати магний 25-30 кг/га ва дигар моддаҳо).
Лўндаҳоро бо ёрии картошкаканаки КТН-2В ҷамъ мекунанд.
Пеш аз ба нигоҳдорӣ рехтан лўндаҳои тухмиро дар соя (дар ҷои нури офтоб намерасидагӣ) хушконида каме сабз мегардонандў Дар ин давра пўсти лўндаҳо сахт мешавад, пусиши баъзе лўндаҳо рў мезанад ва онҳоро ҷудо мекунанд.

пешина
аз 99
навбатӣ