АГРОБИОЛОГИЯ, СЕЛЕКСИЯ ВА ТУХМИПАРВАРИИ КАРТОШКА

Барои хушконидан ва обутоб додан лўндаҳ онҳоро 1-2 қабата тунук карда мерезанд ва баъди ҳар 2-3 рўз рўгардон менамоянд.
Баъди 8-10 рўз лўндаҳоро ба ҷои нигоҳдории доимӣ мегузаронанд.
Картошкаи тухмӣ зери ҳарорати +2–+5 °C беҳтар нигоҳ дошта мешавад.
Аз таҷрибаи тухмипарварии картошка. Тухмии аълосифат яке аз омилҳои асосии ба даст овардани ҳосили баланди картошка ба шумор меравад. Бинобар ин дар оянда барои баланд бардоштани сифати тухмӣ ва ташкил намудани сохтори (системаи) тухмипарварии картошка корҳои зиёди илмӣ ва амалиро ба ҷо овардан зарур аст. Тухмипарварӣ давоми корҳои селексионӣ буда, барои нигоҳдории дуру дарози навъҳои картошка дар шароити истеҳсолот роли ҳалкунандаро мебозад. Аҳамияти системаи тухмипарварӣ дар сурате амалӣ мегардад, ки корҳои тухмипарварӣ дар асоси талаботи илм ва таҷрибаи пешқадам дар минтақаҳои салқину ҷудогонаи манотиқи кўҳистон ташкил карда шавад.
Чунки дар шароити ноҳияҳои баландкўҳи мамлакатамон ҳарорати ҳаво ва хок барои тухмипарварӣ хело мувофиқ буда, вайроншавии экологии ҷинсии лўндаҳои картошка кам мушоҳида гашта, барангезандаҳо ва паҳнкунандагони ҳар гунна касалиҳои вирусӣ, вироидӣ ва микоплазмагии ин зироат ба монанди ширинчаҳо, чирчиракҳо (қикадкаҳо) ва ғайраҳо тамоман кам вомехўранд.
Дар муддати солҳои 1985-1991-ум дар пунктҳои тухмипарварии ИИИ «Боғпарвар» дар ноҳияҳои Ҷиргатол, Ғончӣ, Мўъминобод, Айнӣ ва Файзобод ҳар сол миқдори зиёди тухмии аълосифати элита ва репродуксияҳои якум ва дўюми навъҳои гуногуни картошка истеҳсол гашта, ба дигар ноҳияҳои мамлакат интиқол дода мешуд. Дар ин корҳо махсусан хоҷагии тухмипарварии дар минтақаи Лахши ноҳияи Ҷиргатол воқеъ буда, роли калонро мебозид. Бояд қайд намуд, ки дар он солҳо дар барпо намудани чунин як хоҷагии пуриқтидори тухмипарварии картошка махсусан роҳбарони он вақтаи ноҳия ва хоҷагӣ дар ноҳияи Ҷиргатол ба монанди А. Салохов, С. Самадов, А.Суюнбаев, И. Хасанов, З. Давлаталиева, Х. Рашидов, Х. Сафарбеков ва дигарон хело калон аст.Ҳар сол аз ин хоҷагии тухмипарварӣ ба дигар хоҷагиҳои ноҳия ва дигар ноҳияҳо зиёда аз 1000 тонна тухмии аълосифати навъҳои гуногуни картошка фиристода мешуд. Ҳосилнокии картошка дар он солҳо дар ноҳияи Ҷиргатол аз майдони зиёда аз 1000 га ба ҳисоби миёна аз ҳар гектар 250- 300 сентнериро ташкил медод. Дар он солҳо деҳқондухтари асили ин диёри кўҳӣ Сайлӣ Раҳмонова барои ҳосили баланди картошкаро ба даст овардан Қаҳрамони Меҳнатӣ Сосиалистӣ гашт.
Дар солҳои 1985-88-ум бо ташаббуси Академик Ю.С. Носиров дар ноҳияи ба номи Рўдакӣ (собиқ ба номи Ленин) сохтумони институти биотехнологӣ оиди ба даст овардани тухмии бевирусӣ(беҷирмӣ) навъҳои картошка сар шуд.
Дар авали солҳои 1985-1990-ум як гурўҳ олимони институти физиология ва генетикаи растаниҳо бо роҳбарии профессор Қ. Алиев корҳои илмиро оиди аз вирусҳо тоза намудани навъҳои картошка оғоз намуданд. Оид ба омўхтани таҷрибаи пешқадам дар соҳаи картошкапарварӣ соли 1989-ўм олмон Ю.С.Носиров, О.Б. Бобоҷонов, Т.Д. Давлатемиров ва Қ. Партоев ба Ҳоланд сафар намуданд. Дар муддати солҳои 1984-1990-ум навъи нави ҳоландӣ Кардинал, ки ҳамагӣ 3,5 тона аз Арманистон харидорӣ гашта оварда шуда буд, барои ба даст овардани ҳосили баланди картошка дар ҷумҳури саҳми калонро гузошт. Дар харида овардан ва афзоиш намудани тухмии ин навъи серҳосили картошка махсусан саҳми роҳбари ҳамонвақтаи Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон мўҳтарам Қ.М. Маҳкамов (соли 1984-ум) саҳми босазо гузоштаанд. Ин навъ дар соли 1984 аз майдони 1 га 54 тона ҳосил дода буд. Олимону мутахассисони ИИИ «Боғпарвар» тухмии ин навъро дар муддати солҳои 1987- 1990-ум ба ноҳияҳои кўҳии Кўҳистони Мастчоҳ, Мўъминобод, Ғончӣ, Файзобод, Тоҷикобод, Рашт, ва ба Вилояти Худмухтори Кўҳистони Бадахшон фиристоданд. Ин навъи серҳосил ва ба касалиҳо тобовари картошка ҳоло дар аксари ноҳияҳои ҷумҳури кишт карда мешавад.
Таҷрибаҳои гузаронидаи Б. Каримов (1994,2003) ва дигарон нишон доданд, ки миқдори ширинчаҳо ва чирчиракҳо, инчунин дараҷаи ба касалиҳо гирифторшавии навъҳои картошка аз баландии минтақаҳо аз сатҳи баҳр вобастагии калон дошта, бо баланд гаштани вертикалии мавзеъҳои картошкапарварӣ аз сатҳи баҳр касалиҳои картошка ва барангезандаҳои касалиҳо мутаносибан кам мегардад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё