АГРОБИОЛОГИЯ, СЕЛЕКСИЯ ВА ТУХМИПАРВАРИИ КАРТОШКА

Харида овардани тухмӣ аз баҳор аксар тул кашида, то моҳҳои май ва июнро давом мекард, ки ин ба дер шудани кишт ва паст гаштани ҳосили картошка мегардид.
Бидуни ин ноҷуриҳо бо ҳамроҳии тухмӣ ба ноҳияҳои мамлакат ҳар гунна касалиҳо ва зарарасонҳои картошка ворид мегадиданд.
Масалан, солҳои 1985-ўм ба яке аз ноҳияҳои калонтарини картошкапарварии мамлакат- ноҳияи Ҷиргатол бо ҳамроҳии тухмӣ нематодаҳои картошка оварда шуданд, ки то ҳоло ин нематодаҳо хатари паҳншавиро ба дигар мавзеъҳо пеш меоранд.
Дар солҳои 1983-1985 -ўм бо ҳамроҳии тухмии харида шуда, зараррасони хатораноки картошка - қунғузи колородӣ ба бисёр ноҳияҳои картошкапарварӣ оварда шуд, ки ҳоло дар сар то сари мамлакат паҳн гаштааст ва ҳар сол хисороти калони иқтисодиро пеш меорад.
Бо ҳамроҳии тухмии оварда шуда, бисёр касалиҳои занбурўғӣ, бактериявӣ ва вирусӣ низ оварда мешуд, ки онҳо боиси паҳнгаштани ин каслиҳо дар минтақаҳои картошкапарварӣ мегашт. Тухмии харида шуда, аз сабаби риоя нагаштани қоидаҳои тухмипарварӣ дар аксари хоҷагиҳо гирифтори столбуру дигар касалиҳо гашта, баъди репродуксияҳои дуюм ва сеюм дар маҳал боиси паст гаштани ҳосили картошка мегашт.
Вале таҷрибаҳои гузаронидаи мо дар муддати солҳои 1985- 1990 дар шароити якчанд ноҳияҳои мамлакат нишон доданд, ки дар шароити кўҳистон метавон тухми аълосифати маҳалиро истеҳсол намуд, ки вай аз нуқтаи фоидаовариаш аз тухмии харида гашта бартарии калонро соҳиб мебошад.
Бо шикаст хўрдани сохти давлатдории Шўравӣ ва ба вуқўф бастани воқеъаҳои нохуши солҳои 1992- 1997- ўм боиси ба ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ гаштани воридоти тухмии картошка гашта, гузаронидани корҳои илмӣ низ хело мушкил гашт. Базаи хуби навъсанҷӣ ва тухмипарварии ин зироат қариб дар саросари ҷумҳурӣ коста шуд. Нархи картошка дар бозорҳои мамлакат хело баланд рафт. Ин ҳолат зарурияти ҷоннок гардонидани корҳои илмиро доир ба роҳ мондани селексия ва тухмипарварии ин зироати зарурии озўқавориро дар маҳал аз нав ба миён овард.
Ин ҳолатро Президенти мамлакат Э.Ш. Раҳмонов ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба инобат гирифта, дар солҳои 2001(Ҷиргатол), 2003 (Тоҷикобод) ва 2004 -ўм (дар ҳудуди ноҳияҳои, Рудакӣ ва Ваҳдат) ва минбаъд дар дигар ноҳияҳои кўҳӣ барои ташкил намудан ва гузаронидани семинарҳои умумиҷумҳуриявӣ доир ба омўхтани таҷрибаи пешқадами картошкапарварон кўмаки калон расониданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё