Зеҳн
АГРОБИОЛОГИЯ, СЕЛЕКСИЯ ВА ТУХМИПАРВАРИИ КАРТОШКА

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 99 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Ин чорабиниҳо барои пешрафти соҳаи картошкапарварӣ дар солҳои сипаригашта хело кўмак расониданд.Туфайли чунин ғамхории Ҳукумати мамлакат истеҳсоли картошка дар солҳои охир хело афзун гашт.
Бояд қайд намуд, ки чунин афзоиши картошка пеш аз ҳама аз ҳисоби зиёд намудани майдони кишти ин зироат муяссар гашт. Вале ҳосилнокии картошка, ки ҳоло дар мамлакат қариб 215-225 сентнерро аз 1 га ташкил медиҳад, нишондиҳандаи он қадар баланд нест.
Бинобар ин дар оянда исифодабарии интенсивии замин ва баланд бардоштани ҳосилнокии картошка яке омилҳои асосии таъмин намудани талаботи аҳолӣ бо картошка ба шумор мераванд. Дар ин кор навъҳои тезпазу серҳосил ва тухмии хушсифати ин зироати зарурии озўқавӣ роли ҳалкунандаро бояд иҷро намоянд.
Бинобар ин ба мутахассисони соҳа, ба олимон ва ба деҳқонони мамлакат зарур аст, ки дигар ба умеди тухмии зархариди аз беруни мамлакат ворид гашта нашуда, бояд роҳҳои ба роҳ мондани тухмипарварии маҳалиро худашон пеша намоянд.
Тайёр намудани деҳқонони (фермерҳои) тухмипарвари картошка дар ҳудуди ноҳияҳои кўҳистон яке аз бахшҳои асосии ин барнома ба шумор рафта, дар охири он бояд дар мамлакат ассосиатсияи «Тухмии картошка» таъсис дода шавад, ки дар ҳайати он бояд институтҳои тадқиқотӣ-илмӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ оид ба правриши тухмии картошка ва деҳқонони ноҳияҳои гуногун шомил бошанд.
Ҳар сол бояд ин ассосиатсия зиёда аз 2000 тонна тухмии элита истеҳсол намуда, ба ихтиёри деҳқонон барои афзоиш ва тухумивазкунӣ пешкаш намояд. Аз ин миқдор тухмии элита бояд дар муддати се сол зиёда аз 70 ҳазор тона тухмии аълосифати ин зироат барои картошкапарварони мамлакат истеҳсол карда шавад. Аз ҳисоби фуруши тухмии аълосифат ин системаи тухмипарварӣ бояд системаи доим амалкунанда гардад.
6.6. Минтақаҳои тухмипарварии картошка Бояд қайд намуд, ки барои парвариши картошкаи тухмӣ махсусан минтақаҳои кўҳии мамлакатамон хело мусоидат менамоянд.

пешина
аз 99
навбатӣ