Зеҳн
АГРОБИОЛОГИЯ, СЕЛЕКСИЯ ВА ТУХМИПАРВАРИИ КАРТОШКА

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 99 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Дар ноҳияҳои дар водиҳо ҷойгиршуда, дар баландии 300-1000 м аз сатҳи баҳр таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки қариб ҳама касалиҳои вирусӣ ва готикаи вироидии картошка мушоҳида мешаванд. Зимни кишти такрории маводи тухмии водигӣ дараҷаи сирояти картошка аз онҳо хеле баланд мегардад. Дар баъзе мавридҳо бо сабаби сирояти васеи касалиҳои вазнини печидашавии баргҳо, нақшҳои рах-рах, чиндории нақшини баргҳо, готика ва ғайра ҳосилнокии майдонҳо хеле паст мегардад ва сарфи тухмӣ, маводи сузишворӣ ва меҳнатро намепўшонад (Каримов ва диг., 1999).
Васеъ паҳн гардидани ин гурўҳи касалиҳо дар водиҳо дар навбати худ ба давомнокии давраи ғизогирӣ (аз миёнаҳои моҳи апрел то охири тирамоҳ) ва инкишофи баланди миқдории популятсияҳои саҳроии ши-ринчаҳои гузаронандаи вироиду вирусҳо, махсусан ширинчаи сабзи шафтолу, ки қариб ҳама вирусҳои афидофилӣ (бо ширинчаҳо паҳнша-ванда) ва ВДЛК-ро паҳн менамояд, алоқаманд мебошад.
Наслвайроншавии (инқирози) картошка ҳам бештар дар водиҳо мушоҳида мегардад ва сабаби асосии он касалиҳои вирусӣ ва готика мебошанд.Васеъ паҳн гардидани ин касалиҳо тухмипарварии васеи картошкаро дар водиҳо ғайриимкон мегардонад ва зарурати аз минтақаҳои кўҳию доманакўҳӣ кашонида овардани маводи тухмиро ҳар сол ба миён меоварад.
Дар айни замон нигоҳдории чунин тухмӣ то кишти тобистона хеле душвор аст ва бо ин мақсад бояд лўндаҳои нав чидашудаи кишти барвақтӣ (тирамоҳию баҳорӣ) истифода гарданд. Ба ҳосилнокии хуби кишти тобистона ҳамон вақт ноил мешаванд, ки агар барои он лўндаҳои бехҳои зоҳиран солим истифода шаванд Зимни афзоишдиҳии нахусттухмии солими бо усулҳои биотехнологӣ руёнидашуда бошад, растаниҳои картошкаро дар шароитҳои водигӣ аз сирояти такрории вироиду вирусҳо бо тарзи махсус муҳофизат менамоянд, онҳоро дар хонача ё тоннелҳои докагин месабзонанд (ба ин мақсад гармхонаҳоро низ истифода мебаранд), то ки ширинчаҳо ва ҳашароти дигари паҳнкунандаи сироят дар растаниҳои картошка фаъолияти ҳаётӣ гузаронида натавонанд; дар ин ҷойҳо ниҳолҳоро доимо зери назорат мегиранд ва ҳангоми ба назар расидани ҳатто як ширинчаи болдор ё бебол, сафедболак ва ғайра афитсид ё дигар инсектитсидҳоро ба кор мебаранд.

пешина
аз 99
навбатӣ