Зеҳн
АГРОБИОЛОГИЯ, СЕЛЕКСИЯ ВА ТУХМИПАРВАРИИ КАРТОШКА

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 99 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Махсусан, мевабандии навъҳои гуногуни картошка дар шароити баландкуҳи Помир зиёд мебошад, ки инро олимон ба зиёд будани миқдори нурҳои ултрабунафш дар ин
минтақа вобаста медонанд (Перлова,1958; Ледедева, 1970;
Джонгиров, 1995). Таҷрибаҳои мо нишон доданд, ки мевабандии навъҳои картошка дар шароити ноҳияҳои баландкўҳи ҷумҳурӣ (дар баландии зиёда аз 1800 метр аз сатҳи баҳр) хело зиёд мебошад, ки ин барои гузаронидани корҳои селексионӣ (дурагакунии) навъҳои картошка аҳамияти калон дорад. Аз тарафи дигар аз тухум сабзонидани навъҳои картошка боиси аз бисёр касалиҳо солим гардондани растаниҳо низ мегардад (Партоев, 20013).
Аз тарафи дигар истехсоли тухмакҳо аз худгардолудшавии озоди навъхо, аз сабаби гетерозиготӣ (гуногунсифат будани заминаи ирсии аломатҳо-генотип), ба ҳар гуна шаклҳо таҷзия мешаванд ва растаниҳои аз ин гуна тухмакхо парваришёфта дорои лўндаҳои гуногуншаклу гуногунсифат ва гуногунранг мегарданд. Навъҳои картошкаро олимон ва селексионерони халқӣ бо роҳи дурагакунӣ (гулпайванд), интихоби сунъӣ ва истифодабарии омилҳои мутагенӣ (бо таъсири омилҳои гуногун) ба даст овардаанд.
Роҳи асосии офаридани навъҳои нави картошка, албатта, усули дурагакунии навъҳо ва интихоби минбаъдаи клонҳо ба шумор меравад. Дар натиҷаи дурагакунӣ гибридҳои мураккаби гуногун ба даст оварда мешаванд, ки аз онҳо бо роҳи интихоби сунъӣ селексионерҳо растаниҳои алоҳидаро ( клонҳои алоҳидаро) ҷудо карда, муддати якчанд сол онҳоро меомўзанд (Камераз, 1973; Росс, 1989). Барои дурагакунии картошка пешакӣ муайян намудани қобилияти ҳаётшоямии гарди гул ё ин ки қобилияти гардолудкунии гардҳои гули картошка аҳамияти махсус дорад ва он бояд дар давраи саросар гулкунии ниҳолҳои картошка гузаронида шавад (Frankel., 1977; Джонгиров, 1995; Партоев, 2013; 2014).
Таҷрибаҳои мо нишон доданд, ки мевабандии навъҳои картошка дар шароити ноҳияҳои баландкўҳи ҷумҳурӣ (дар баландии зиёда аз 1800 метр аз сатҳи баҳр) хело зиёд мебошад, ки ин барои гузаронидани корҳои селексионии (дурагакунии) навъҳои картошка аҳамияти калон дорад. Аз тарафи дигар аз тухм сабзонидани навъҳои картошка боиси аз бисёр касалиҳо солим гардондани картошка низ мегардад (Партоев ва диг., 2007). Аз тухм сабзонидани навъҳои картошка (аз сабаби гетерозиготӣ, омехтаи якчанд генҳо будани сохти генотипашон), онҳо ба ҳар гуна шаклҳо таҷзия мешаванд ва растаниҳои дорои лўндаҳои гуногуншаклу гуногунранг пайдо мегарданд, ки ин ба омехтагии ниҳолҳои ин ё он навъ оварда мерасонад (Яшина,1973; Panday and et.al., 1997).Дар Америка навъи нави картошкаро ба даст овардаанд, ки номаш «Эксплор»
буда, ҳангоми аз тухм сабзонидан таҷзия намешавад.
3.2. Шаклҳои афзоиши картошка Картошка асосан дар шароити истеҳсолот ба воситаи органҳои вегетативӣ, яъне лўндаҳо афзоиш дода мешавад.

пешина
аз 99
навбатӣ