АГРОБИОЛОГИЯ, СЕЛЕКСИЯ ВА ТУХМИПАРВАРИИ КАРТОШКА

Бо ёрии ресмони дарозиаш 14,3 метраи ду канораш ба мехҳои дарозиашон 40-50 см басташуда қитъачаро чен мекунанд. Барои аниқтарии ҳисобу китоб дар як ҷо ду хатак (қатор)-и ҳамшафатро интихоб менамоянд, дар ҳар кадоми онҳо 14,3 метр чен карда миқдори растаниҳоро мешуморанд, рақамҳоро ҷамъ мекунанд ва ба 2 тақсим намуда, ҳисоби миёнаи бехҳои як қитъачаро меёбанд. Агар дар як ҷо ду бех мавҷуд бошад (зимни кишти мошинӣ он ҳар ҷо-ҳар ҷо дучор меояд), ҳар дуи онҳоро ба ҳисоб мегиранд. Ҳангоми 70 см будани масофаи байни қаторҳо андозаи қитъача ба 10 м2 ё 1/1000 баробар мешавад. Ба ҳамин тариқ, миқдори миёнаи бехҳои як қитъачаи андозааш 10 м2 ба миқдори ҳазории бехҳо дар як га баробар мебошад. Вале барои аниқтар муайян кардани зичии кишт (миқдори растаниҳо)-и майдон ҳисоби миёнаи миқдори растаниҳои ҳама қитъачаҳои ҳисобиро ба асос мегиранд. Фарз кардем, ки дар натиҷаи баҳисобгирии растаниҳои 10 қитъачаи майдони 20 гектараи картошкаи тухмии нақшаи кишташ 70 х 20см чунин ададҳо пайдо гардиданд:
70 + 71 +69 + 70 + 68 + 71 + 69 + 70 + 70 + 69 Онҳоро ҷамъ карда ба 10 тақсим менамоем ва адади даркориро меёбем, 697: 10 = 69,7. Онро ба 1000 зарб зада, ҳисоби миёнаи растаниҳо ё ин ки зичии кишти майдонро меёбем, яъне ин ба 69,7 ҳазор бех дар як га баробар аст. Аслан зичӣ ва майдончаи ғизогирии растаниҳои картошка дар ҳар як қитъа ба нақшаи истифодагардидаи кишт вобастагӣ дорад ва онро дар асоси баҳисобгирии таъиноти кишт (тухмӣ ё истеъмолӣ), инчунин андозаи лўндаҳои тухмӣ пешакӣ муайян мекунанд. Агар кишти пешбинишуда таъиноти тухмӣ дошта бошад, вай бояд зичтар гузаронида шавад; кишти картошкаи хўрокӣ ва лўндаҳои тухмии андозаашон калонро тоқатар мегузаронанд.
Муайян намудани ҳосилнокии картошказор. Дар хоҷагиҳо ҳосилнокии ҳама навъҳои парваришёбандаи картошкаро муайян мекунанд. Аз ҳама навъҳо бо диагонали майдон ҳаракат карда намунаҳои санҷишӣ мегиранд. Андозаи як намуна – 5 бехи паси ҳам дар як қатор (бе интихоб) мебошад.
Миқдори намунаҳо вобаста ба андозаи майдон аст, то 10 га-5 намуна-25 бех, то 20 га-10 намуна -50 бех аз 20 га зиёд-75 бех. Чунин намунаҳоро дар майдонҳои хурдтар ҳам интихоб кардан мумкин аст.
Дар майдонҳои намунагирӣ зичии феълии растаниҳоро муайян месозанд. Барои ин дар қаторҳо 14,3 метр чен карда, миқдори тамоми бехҳоро мешуморанд ва онро ба ҳазор бардошта зичии аслии онҳоро дар як га дар ҳамин лаҳза муқаррар менамоянд. Сипас ба канда ҳисоб кардани ҳосили намунаҳо мегузаранд.
Бади ҷамъкунии ҳосили ҳама намунаҳо лўндаҳоро ба ду гурўҳ ҷудо менамоянд, молӣ-аз 30мм калон ва қаримолӣ-аз 30 мм хурд. Ҳар гурўҳи лўндаҳоро алоҳида бар кашида натиҷаашро ба дафтар мегузаронанд. Масалан, лўндаҳои молӣ- 11500 грам; ғайримолӣ-1200 грам, ҷамъи вазни лўндаҳои панҷ намуна (25 бех)- 12700 грам, ё ба ҳисоби миёна 508 грам ба як бех. Вазни ҳосили миёнаи як бехро ба миқдори умумии бехҳои гектар зарб зада, ҳосилнокии биологии майдонро меёбанд.
Чунончи агар дар як га 57 ҳазор бех бошад, вай ба 289,6 сентнер баробар мешавад (508х57000=289,6). Аз он лўндаҳои стандартӣ (молӣ)- 90,6 фоиз ва ғайристандартӣ (ғайримолӣ)- 9,4 фоиз. Ин гуна маълумотҳоро аз ҳамаи майдонҳо ҷамъ намуда, ҳосили умумии миёнаи биологии картошкаи хоҷагиро меёбанд. Масалан, дар майдони якум (5 га)-289,6 с/га, ҷамъи ҳосил –144,8 тона; дуюм (25 га)-265,5 с/га, ҷамъи ҳосил-663,7тона; сеюм (15 га)-271 с/га, ҷамъи ҳосил-406,5 тона. Ҳосили умумӣ дар хоҷагӣ (45 га) – (270 с/га) 1215тона. Баъди он ҳиссаи лўндаҳои стандартӣ (молӣ) ва ғайристандартӣ (ғайримолӣ) муайян карда мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё