Зеҳн
АГРОБИОЛОГИЯ, СЕЛЕКСИЯ ВА ТУХМИПАРВАРИИ КАРТОШКА

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 99 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Боби 7. КАСАЛИҲОИ КАРТОШКА
7.1. Касалиҳои занбурўғӣ Фитофтора(Phytophthora infestans d By.). Яке аз касалиҳои хавфноки картошка буда, ба помидор ва авранҷгулҳои дигар низ зарар мерасонад.Аломатҳои аввалини касалӣ дар давраи муғҷабандӣ ва гулкунии растаниҳо зоҳир мегарданд. Дар баргҳои поёнӣ доғҳои ҷигарӣ ё сиёҳтоби тар (бофтаи мурда) ба назар мерасанд. Дар пушти баргҳо байни бофтаҳои захмёфта ва солим қисми тунуки сафедтоб, ки аз спораоварҳои занбўруғ иборат аст, бавуҷуд меояд, ки вақти намнокии баланди ҳаво ва пагоҳӣ хубтар айён мешавад. Намнокии обу ҳаво (намнокии аз 85 фоиз баланд, туман, боришоти давомнок ва шабнам) ба инкишофу паҳншавии касалӣ дар майдон мусоидат менамоянд. Лўндаҳо аз спораҳои ба замин афтида ё дар натиҷаи ба баргу пояи касал расидан сироятдор мешаванд.Дар сатҳи лўндаҳо доғҳои андаке фурўхамидаи сахт ва шаклашон нодурусти хокистарӣ пайдо мешаванд. Мағзи доғдори лўндаҳо ранги ҷигарӣ мегирад.
Занбурўғи фитофтороз дар лўндаҳо ва боқимондаи растаниҳои касал нигоҳ дошта мешавад. Лўндаҳои сироятдорро барои тухмӣ истифода бурдан мумкин нест.
Алтернариоз ё макроспориоз (доғҳои хушк дар барги картошка) (Macrosporium solani Ell.). Аз ин касалӣ баргҳо, поя ва лўндаҳо зарар мебинанд. Касалӣ дар ҳарорати 24-280 ва намнокии 80-100 фоиз (дар ҳавои боришнок) авҷ мегирад.Дар баргҳо доғҳои доирашакли андозаашон гуногун, ки одатан хушку ҷигарӣ мебошанд, ба вуҷуд меоянд, дарозии ин доқҳо ба 1-1,5 см мерасад. Зимни хушкии зиёди ҳаво боиси пайдо гаштани сурохиҳо ва рахтани баргҳо мегардад. Дар пояҳо ва думчаи баргҳо касалӣ дар шакли захмҳои дарозрўяи ҷигарӣ зоҳир мешавад. Пояи картошка бармаҳал хушк мегарадад. Лўндаҳо баъзан сироятдор мешаванд ва касалӣ дар шакли доғҳои хокистарӣ ё сиёҳтоби каме пахшшудаи гуногун айён мегардад. Занбурўғ зимистонро дар боқимондаҳои растаниҳо мегузаронад ва қобилияти ҳаётии худро дар сармои 28-300 нигоҳ медорад.
Захми сиёҳи лўндаҳо (ризоктониоз) (Rhizoctonia solani Kuehn.) Аз ин касалӣ нешак, лўнда, поя ва решаҳои картошка зарар мебинанд.
Сирояти нешакҳо яке аз аломатҳои муқаррарии касалӣ буда,ҷигарии сиёҳтоб шуда, пўсидани қисми нўгии онҳо зоҳир мегардад. Ин ҳодисаро баҳорон дар ҷои нигоҳдории лўндаҳо ва ё дар хок, баъди шинонидани тухмӣ мушоҳида кардан мумкин аст.
Сирояти қисми зерихокии пояҳо аз ҳама дер зоҳир мегардад, дар гарданаки наздирешагии пояҳо захмҳои хокистарии сиёҳтоб ба вуҷуд омада, қисми пояҳо ғафс мешавад. Захмҳо баъзан ба даруни поя медароянд ва ба системаи рагҳои гузаронанда мерасанд. Дар натиҷа ҷараёни мўътадили моддаҳои пластикӣ аз баргҳо ба лўндаҳои ҷавон душвор мегардад. Маҳсули фотосинтез дар баргҳо ҷамъ мешавад ва тадриҷан дар бағали баргҳо (дар поя) лўндачаҳои "ҳавоӣ" пайдо мегарданд.
Баргҳои болоии поя аз канорашон сар карда ранги антотсианӣ сурхи бунафш мегиранд ва ба дарозии раги асосӣ ба дарун қат мешаванд. Вале бар хилофи сирояти столбурӣ дар қисми поёнии пояҳо (5-10 см болотар аз хок) инчунин қабати тунуки сафед, ки "поячаи сафед" номида мешавад, ба вуҷуд меояд. Вай давраи ҷинсӣ (базидиалӣ)-и барангезандаи касалӣ буда, дар ҳавои ҳарораташ муътадилу намнокиаш 86-90 фоиз инкишоф меёбад.
Зимни сироятнок шудани решаҳо пажмурдашавии растаниҳо ба амал меояд.

пешина
аз 99
навбатӣ