АГРОБИОЛОГИЯ, СЕЛЕКСИЯ ВА ТУХМИПАРВАРИИ КАРТОШКА

Барои бо ёрии моддаҳои заҳрноки химиявӣ нест кардани ин ҳашарот тайёр намудани «хўроки фиребӣ»(приманка) низ аз аҳамият холӣ нест. Барои ин дар 100 кг кунҷола 2 кг арсенати натрий ё ин ки арсенати калсийро ҳамроҳ намуда, ним соат дар болои оташ онро тафсонда, баъд дар байни қаторҳои картошка мепошанд. Сарфи ин «хўроки фиребӣ» дар 1 га 40-60 кг – ро ташкил медиҳад. Инчунин ба растаниҳо пошидани маҳлули кории метафос (3 кг/га) ва хлорофос (2 кг/га) бо 600 литр об боиси нест гаштани ин кирминаҳо мегарадад.
Симкирминаҳо (Agrotis sputator). Лўндаҳои картошкаро инчунин кирмҳои борики зарди симшакл сўрох карда мехўранд, ки ин сифати ҳосилро паст мегардонад. Ба муқобили кирмҳои симшакл зери хок намудани донҳои заҳролўд гаштаи ҷав, гандум ё ин ки ҷувориммакаро дар маҳлули 5 фоизаи пентахлори 22 фоиза ё ин ки дар маҳлули арсенати калсий (2 кг/га) тар намуда кишт гузаронидан аҳамияти калон дорад. Сарфи донҳои заҳролуд 20-30 кг дар 1 га мебошад.
Ширинчаҳо (Afids). Васеъ паҳн гардидани ин гурўҳи ҳашаротҳо дар водиҳо ба давомнокии давраи ғизогирӣ (аз миёнаи моҳи апрел то охири моҳи ноябр) ва инкишофи баланди миқдори популятсияҳои саҳроии ширинчаҳои паҳнкунандаи вироиду вирусҳо, махсусан ширинчаи сабзи шафтолу, ки қариб ҳама вирусҳои бо ширинчаҳо паҳншаванда ва ВДБК-ро (вируси деформатсияи барги картошка) паҳн менамоянд, зич алоқаманд мебошад.
Барои нобуд сохтани паҳнкунандагони вирусҳо – ширинчаҳо дар қитъаҳои тухмӣ баъди 10-15 рўзи пайдоиши саросари растаниҳо коркарди химиявии онҳоро бо истифодаи препаратҳои зерин гузаронидан мумкин аст, кронетон (к.э. 50 фоиз, 1 л/га), БИ-58 (к.э. 40 фоиз, 2-2,5 л/га), рипкорд (к.э. 40 фоиза, 0,3 л/га), симбуш (к.э. 25 фоиз, 0,48 л/га), киперкил (к.э. 25 фоиз, мисли симбуш), киткор (к.э. 25 фоиз , мисли симбуш), шерпа (к.э. 25 фоиза, мисли симбуш). Сарфи моеъи корӣ- 200-400 л/га тавсия мешавад. Ҳангоми аз нав пайдо шудани ширинчаҳо коркардро ҳар ду ҳафта такрор намудан лозим аст, вале 20-30 рўз пеш аз ҳосилқундорӣ коркардро қатъ менамоянд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ