АГРОБИОЛОГИЯ, СЕЛЕКСИЯ ВА ТУХМИПАРВАРИИ КАРТОШКА

Карадрин (Agrotis eksugae)
Ин ҳашарот низ баргу пояи ниҳолҳои картошкаро хўрда, ба ҳосилнокии картошка хисороти калон мерасонад. Ин ҳашароти зарарнок асосан дар қисми водии Тоҷикистон ва дар ноҳияҳои наздикўҳӣ афзоиш ёфта, ба киштзори картошка зарари калон мерасонад.
Ба муқобили карадрин ва ширинчаҳо, ки дар картошказор пайдо мегарданд, ду – се маротиба пошидани маҳлули кории препарати БИ-58 (40 фоиза), десис, нурелл-де, фюре ва ғайраҳо аз аҳамият холӣ нест. Сарфи ин заҳрихимикатҳо аз 0,15 то 2 кг дар як гектар мебошад. Инчунин яхобмонӣ барои нест гаштани ин ҳашаротҳо дар заминҳо кумаки калон мерасонад.
Нематодаи тиллоранги картошка (globodera rostohiensis woll).
Нематодаи тиллоранги картошка (золотистая картофельная нематода) ба гурўҳи кирминаҳои гирди микроскопӣ таалуқ дорад, ки оҳоро нематода меноманд. Пардае гирде, ки дар дохили он ин кирминаҳо пайдо мегарданд систа ном дорад ва аз ранги ин систаҳо онҳо метавонанд, ки ранги тиллоранг ё ин ки сафедро дошта бошанд. Аз ин сабаб онҳоро нематодаи заррини картошка (Globodera rostochiensis) ва нематодаи сафеди картошка (Globodera pallida) ном мондаанд. Нематодаи заррини картошка (Globodera rostochiebsic) аввалин маротиба дар соли 1913 дар Аврупо ба қайд гардидааст, аммо нематодаи сафеди картошкаро (Globodera pallida) бошад соли 1956 дар Шотландия ва соли 1957 дар РДГ ба қайд гирифта шудааст. Аз ин ду намуди нематодаҳо махсусан нематодаи тиллоранги вай хело паҳн гаштааст ва барои деҳқонон ва дар ба даст овардани ҳосили картошка хисороти калонро пеш меорад. Нематодаҳо, инчунин ба ҳосилнокии намояндагони дигари авранҷгулон ба монади помидор, қаламфур, тамокў, боимҷон ва ғайраҳо зарари калон мерасонанд. Инспексияи карантинии ҷумҳурӣ солҳои 80-ми асри гузашта паҳншавии ин нематодоро дар баъзе хоҷагиҳои ноҳияи Ҷиргатол ва қитъаҳои шахсии ноҳияҳои Истаравшану Ғончӣ ба қайд гирифта буд. Ниҳолҳои аз нематодаҳо осебдидаи картошка, қадпаст гашта, ранги пасти сафедчаи бурро гирифта, қариб ки дар давраи мўғчабандӣ хушк мегарданд ё ин ки агар хушк нагарданд ҳам аз сабзиш монда, лундаҳои майда пайдо намуда, ҳосилнокӣ то 90 фисад кам мегардад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ