АГРОБИОЛОГИЯ, СЕЛЕКСИЯ ВА ТУХМИПАРВАРИИ КАРТОШКА

Дар қитъаҳои нематода пайдогашта, истифодаи нуриҳои органикӣ (махсусан поруи чорво ва мурғ) метавонад миқдори нематодаро дар замин кам гардонида, сабзиши хуби ниҳолҳоро таъмин намояд. Ба роҳ мондани системаи 4-5 қитъадори киштгардони зироатҳо, ки дар муддати 4-5 сол картошка дар як қитъаи замин як бор кишт гардад аҳамияти калон дорад. Аз зироатҳои пешкиштшаванда махсусан лубиёгиҳо, ғалладонагиҳо ва зироатҳои полезӣ барои нест гаштани нематодаҳо ёрии калон мерасонанд. Аз моддаҳои кимиёвӣ махсусан истифодабарии карбатион (маҳлули 40 %-аи он) бо сарфи 1,5 - 2 т/га аҳамияти калон дорад. Ин моддаи кимиёвиро бояд дар фасли тирамоҳ пеш аз шудгори тирамоҳӣ ба замин пошида, баъд заминро шудгор намуда, кишти ғалладонагиҳоро мегузаронанд. Инчунин намуди дигари моддаи кимиёвӣ ин тиазон мебошад, ки як тоннаи онро дар як га дар тирамоҳ мепошанд ва баъд кишти дигар зироатҳоро мегузаронанд. Дар замине, ки нематода пайдо гашта бошад, дар муддати 4 сол бо заҳрҳо коркард гузаронида шуда, дар чунин қитъаҳои замин бояд ғалладонагиҳо, ва зироатҳои хўроки чорво кишт гарданд. Баъд аз ин кишти навъҳои ба ин касалӣ тобовар аз қабили Кардинал, Пикассо, Сантэ, Диамант, Латона, Агрия, Жуковский ранний, инчунин навъҳои нави картошка, ки олимони Тоҷикистон ба даст овардаанд ба монанди Зарина, Дўстӣ, Файзобод, Мўъминобод ва ғайраҳо кишт гарданд, ин ба фоидаи кор хоҳад буд. Ҳоло дар натиҷаи тадқиқотҳои олимон маълум гашт, ки барои дар заминҳои наздиҳавлигӣ нест сохтани нематодаҳо порўи мурғ (саргин), ки бо об ҳамроҳ карда шудааст аҳамияти калон дорад. Агар дар 1 м2 замини аз касалии нематодаҳо осеб дида 1 кг саргини мурғро дар 10 литр об ҳал намуда, пошида шавад ва баъд кишти лўндаҳои картошка гузаронида шавад, метавонад, то 90 фоизи кирминаҳои аз систаҳо хориҷгаштаро нобуд созад. Албатта ин чорабинӣ дар он ҷое, ки касалӣ хело кам ва ҳарҷо-ҳарҷо соли пешин пайдо гашта буд, тавсия дода мешавад.
Инчунин дар қитъаҳои наздиҳавлигӣ дар 1 м2-и хок андохтани 30-40 грамм мочевина боиси нест гаштани кирминаҳои нематода мегардад. Барои безарар гардонидани хок аз истифодаи препаратҳои махсус, моеи техникии 96 фоизаи препарати 242 (150 мл/м2); хокаи 85 фоизаи тиазон (27 г/м2); моеи техникии 50 фоизаи ДД (50 мл/м2); гетерофоси 7,5 фоизаи (8 г/м2); маҳлули обии 40 фоизаи карбатион (60 мл/м2) ё карбамид (мочевина) бо сарфи 1-1,5 кг/м2 тавсия дода мешаванд.
Зардпечак (Cuscuta avenasa). Аз растаниҳои паразитӣ зардпечак барои картошказор зарари калонро пеш меорад. Ин растании паразитӣ ба танаи растаниҳои ҷавони картошка печида, ба хушкшавӣ ва паст гаштани ҳосили картошка оварда мерасонад.
Асосан ин паразити картошка ва дигар зироатҳо ба воситаи порўи чорво (махсусан ба воситаи порўи ҳайвони калони шохдор) дар заминҳо парешон гашта, боиси хисороти ҳосили зироатҳо мегардад. Зардпечак дар баргу танаи ниҳолҳои картошка печида, нашъу намо ва ба ҳосилнокии киштзор таъсири манфӣ мерасонад.
Чораҳои муборизаи зидди ин зараррасон риоя намудани киштгардон, истифода набурдани порўҳои нопўсида ва риоя намудани киштгардон мебошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ