Зеҳн
АГРОБИОЛОГИЯ, СЕЛЕКСИЯ ВА ТУХМИПАРВАРИИ КАРТОШКА

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 99 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Одатан нематодаҳоро дар танаи реша ва хоки назди решаи ниҳолҳои касал дар моҳи июнь, яъне дар давраи қадди ниҳолҳо аксаран ба 15-25 см расидан, бо чашми оддӣ ё ин ки бо ёрии лупа дидан мумкин аст. Ин кирминаҳои хурди микросопӣ нарина ва моддина буда, дар натиҷаи ҷуфтшавӣ зиёд мегарданд. Баҳорон аз як моддинаи нематода то 200 кирминаҳои хурд (личинки) пайдо гашта, тез ба танаи решаи картошка часпида, онро макида ба хушкӣ мерасонанд. Нематодаҳо дар шакли тухум ва кирминаҳо то ҳазор дона дар даруни як дона систа ҷойгир гашта, дар зери хок зимистонро мегузаронанд. Дар чунин шакл, яъне дар даруни систаҳо то пайдо гаштани растании картошка ва дигар растаниҳои авранҷгулон метавонад дар мудати 8 сол дар хок зинда монад. Вақте, ки решаи растаниҳо ба танаи систаҳои мерасанд ва моъеи решаҳо ҷудо мегардад, онҳо ба танаи реша часпида, дар муддати 3-6 ҳафта кирминаҳо аз даруни систаҳо берун мебароянд. Минбаъд кирминаҳо ба таги пўсти реша даромада, дар дохили рагҳои обгузари реша афзоишро оғоз менамоянд. Вобаста аз ҳарорати хок дар муддати якуним – ду моҳ аз кирминаҳо чинсҳои нару модда ба воя расида, боз чуфтшавии онҳо оғоз ёфта, дар бадани моддинаи онҳо тухмҳо пайдо мегарданд.Модинаҳои бордоршуда то тирамоҳ вобаста аз намудашон ранги заррин ё ин ки сафедро мегиранд ва ба зимистонгузаронӣ мегузаранд. Дар охири умрашон моддинаҳои бордоршуда пур аз тухумҳо гашта, ба систҳо мубаддал мегарданд, ки ин ҳолат дар расми 30 инъикос ёфтааст.
Нематодаҳо дар як сол як бор насл медиҳанд. Дар вақти пайи ҳам кишт намудани картошка дар як замин чанд сол миқдори кирминаҳои он дар 1 м2 то ба 50–100 миллион дона расида метавонад. Нематодаҳо метавонанд ба воситаи қисмҳои боқимонаи растаниҳо, хоки дар танаи лўндаҳо часпида, ба воситаи об, бо ёрии олотҳои меҳнатӣ, қисмҳои мошину тракторҳо, пойафзол ва ғайраҳо парешон гарданд. Чораҳои мубориза бар зидди ин ҳашароти хавфнок, пеш аз ҳама кишт накардани тухмие, ки ҳуҷҷати карантинӣ надошта бошад, сари вақт кандани ниҳолҳои гирифтори касалӣ аз замин бо хоки назди решаҳо ва дар ҷои хушк дар чуқурии 1,5 метр гўр кардан, аз болояш моддаҳои хлордорро пошида, таги хок намудан аст. Бояд киштгардони зироатҳоро риоя намуд ва аз заҳрҳои кимиёвӣ истифода бурдан лозим аст.

пешина
аз 99
навбатӣ