Зеҳн
Шоҳроҳи истиқлол

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 276 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Вале медонад: ҳарчӣ оғоз дорад, анҷом ҳам дошта бошад, дар қисмати вай низ чунин буда, яъне умри вай низ баъди садсола ва ё ҳазорсола ба поён бирасад.
Инро медонад сангча, вале роҳгузарон намедонанд ва мани роҳгузар низ намедонам, яқинтараш андеша накардаам дар ин бораҳо. Мани боғурур, худписанд, батакаббур, гўё ҳамеша пирўз, ки нўги по задаам сангчаро, дур афкандаам.
Сангча, ки баъди сари ман шояд ҳазор соли дигар, шояд миллион соли дигар ва аз он ҳам зиёд умр бубинад, зиндагӣ ба сар бубарад дар коиноти гардгардон. Аммо умри ман ҳамааш шуда чанд даҳсола бошад, аз ин зиёд набошад ва хотима биёбад ба ин зудиҳо…

…Нўги по задаам сангчаро, ки шояд чанд миллион сол умр дида ва умри ман бошад аз чанд даҳсола беш набошад ва набошад…

БАРОИ МАРГИ ТУ МЕГИРЯМ,
АЙ ИНСОН

Барои марги ту мегирям, ай инсон, ки дар зиндагиат борҳо гирён будиву мани ҳампаҳлўят шарик набудам дар ин ғумум ва ғурбати ту ё ба қадре ки лозим буд, дилбардорат ва ғамбардорат нашудаам…
Барои ту мегирям, дар рўзи маргат, инсон, ҳарчанд аз гиряи дермонда суду фоида набошад. Вале дар рўзи талафи ту бештар фаҳмидаам ва дарк намудаам, ки дар зиндагии ту шарик набудаам, дар ҳолоти ниёзмандиат дастат нагирифта, дар ҳолоти шикастагии ботинат барои пайвандии он талош наварзидаам, бароят ҳарфи баҷо нагуфтаам, ғамгусорат нашудаам…
Барои он мегирям, инсон, ки агар заррае ҳамнафаси ту, ҳамдили ту шуда метавонистам, заррае ҳамдарду ғамгусори ту мебудам, зиста метавонистӣ, шояд, чанд дамаки дигар, чанд лаҳзаи изофа, чанд рўзаки илова, чанд моҳу чанд солаки дигар…

пешина
аз 276
навбатӣ