Шоҳроҳи истиқлол

Барои марги ту мегирям, инсон, ки дар умркўтаҳ шудани ту худамро ҳам шарик дарёфтаам, гунаҳкор донистаам…
Барои марги ту мегирям, инсон. Балки мегирям барои бетарафӣ, бепарвоӣ, ғофилии худ. Барои бетарафӣ, бепарвоии худам дар нисбати ту...
Барои марги ту ва барои гуноҳҳои худам гиря мезанам талх–талх, зор–зор, ай инсон!...
ИЛМ
Илми аз ҳама душвору мураккаб ва пурпечи дунё илми зистан аст, яъне дар миёни нобудаву нобуд шуданҳо бутуну безиён мондан аст, солиму бардам будан аст ва зиндагиро идомаи дигар бахшида тавонистан аст.
Илми аз ҳама душвор ва мураккаб ва пурпечи дунё илми зистан буду чунин мондааст.
НАВҶЎ
Одамӣ дар дунё ҳамеша чизҳои нав ба нав меофарад ва ё офариданӣ мешавад. Яъне ба миён оварданӣ мешавад либоси нав, таоми нав, иморати тозатарҳ, техникаи муҷаҳҳаз ва ақоиди нав ва навиҳои дигар. Навгониҳо ба миён оварданӣ мешавад, то кўҳану фартут ва ҷиғдаву фарсуда будани дунёро ва кўҳану батакрор будани ҷинси одамиро рўпўш бинмуда тавонад.
Одами куҳанбунёд навҷўӣ мекунад, навпардозӣ мекунад дар дунёи куҳани куҳангашта. Чунин мекунад то фарсудаву ҷиғдаву фартут будани дунё ва ҷинси одамиро фаромўш бисозад, ё тарзе биангорад, ки гўё ҳамааш нав шурўъ гардида, балки беҳтаринаш дар пеш бошад ва дар пеш истода…
Кўҳнагиҳои худаш ва дунёро ба сар гирифтан намехоҳад одамӣ, ба ҳамаи ин тозагӣ ё навгонӣ кашидан ва ҳамаи онро нав ангоштан мехоҳад. Чунин мехоҳад одами куҳанбунёди дунёи куҳанасли куҳанасл…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ