Шоҳроҳи истиқлол

–Ман писари ҳамон касам.
–Падарат роҳпулӣ фиристод, ҳамон амонатро овардам.
Пас фардо туро интизор аст,– таъкид кард ҷавони рамузфаҳм ва вазъи ҳоли писаракро фаҳмидагӣ барин хайрухушкунон « фурсатам танг, имкони нишастан надорам» гуфт ва ба мошинаш нишаст.
Писарак баъди анҷоми корҳои боқимонда ба хилвате рафта, пулҳояшро шумурд. Дар умраш ин қадар маблағи бисёрро надида буд, ҷои пинҳон карданашро намедонист. Пул ба роҳкирову нав кардани сару либос ва барои ба аҳли хонавода харидани масоили якмоҳаи хўрданӣ ва пўшиданӣ мерасид.
Ҳамрози боваринок надошт, ки ин сирро бигўяд, ҳатто аз модараш шубҳа мекард. Вале қавл дод, ки пеш аз рафтан ба назди падар як қисми маблағро ба модараш дода, дуо мегирад.
Пагоҳии рўзи дигар писарак ба оғил, ба назди модари говдўшаш рафта, баъди банди гўсоларо доштану фурсате гузаштан масъалаи ба назди падар рафтанро гузошт: « Ман ба назди падарам меравам, падарам пули бисёр фиристодааст»,– гуфт писарак ва як қисми пулро ба модар дароз кард.
Модар бидони пур аз ширро як сў гузошта:– Пули туро чӣ мекунам, ба ман худат лозимӣ. Ман барои ту шуда умри ширинро барбод додам. Заҳри дашному таънаҳо чашида, бори ҷабру ситам кашидам. Ба ҳаёти зиндадаргўрӣ тоб оварда, туро ба ягон ятимхона надодам. Як лаҳза бе ту буда наметавонам, зўри зиндагӣ намерасад, фақат марг маро аз ту ҷудо карда метавонад. Майлаш бурун аз деҳа, дар ягон ҷои хилват бо падарат вохўр, вале ба шаҳр марав, аз барам дур машав– ҳунгос зада гирист модар.
Дили писарак ба модар, ки дидаи ҳайрон шуда, гиря дар гулўяш дармонда буд ва дигар давоми меҳрашро изҳор карда натавонист, сўхт ва баробараш гирист. Бовар кард, ки ҳама ишораҳову таънаҳои модар аз рўи дил будааст, аз дасти рўзгори мушкил будааст. Дар як лаҳза ҷои ҳама ҷароҳату доғи деринаи писаракро пардаи меҳр гирифт ва ятим будани худро фаромўш кард. Силаи дасти навозиш ва дубора шунинидаи овози пасту ҳасратолуди модар «падарат ошиқи зорам шуд. Дили мани духтараки ба хондан рафтаро бехабар бурда, барои ба кўи васл расидан ба хонаи бобоят хостгор фиристод. Баъди ду соли ҳаёти хуби хонадорӣ ва таваллуд шудани ту дасти тўҳмати кадомин нокасе ду гули ошиқи печонро аз ҳам ҷудо кард. Падарат аз устоди донишмандам, ки ҳамсоли бобоят буд, рашк бурда, хати талоқи мани бегуноҳро дод.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо