Шоҳроҳи истиқлол

Бобову бибият тори ҳастии мани беваро маҷбуран ба пуди умри ҳамин марди дилтангу одамбезор пайвастанд. Худо раҳматашон кунад, худашон гузаштанду зомини қисмати ману ту гаштаанд. Натиҷаи ҳамон пайванди номувофиқ буд, ки ҷои нарми нишасти бахти туро ин рағзаи дурушти ҳаёт гирифт…»
Садои пайдарҳами мошини пушти дарича модару писарро маҷбур намуд, ки сўҳбатро қатъ карда, ҷониби кўча шитобанд.
Писар пештар расида, дар назди мошин ҳамон ҷавони амонатовардаро дид. Ҳолаташ парешону чеҳрааш коҳида метофт.
Модар ҳам баъди лаҳзае сарашро аз дарича берун кард.
–Хола, ман бояд Нодирҷонро ба хонаи раҳматии бобояш бубарам. Дар ҳамин вазъияти нотинҷ, ғами ҷони худро нахўрда, аз марказ як даста роҳбарони бонуфузу воломақом омадаанд. Имкони сабр кардану бафурҷа ба хок супоридани маитро надоранд, зуд баргашта рафтанианд. Мардбача бояд бо падари шаҳидгаштааш, ки ў умри азизашро дар роҳи даъват барои ҳифзи марзу бум ва таъмини сулҳу осудагӣ сарф кард, видо кунад.
–Ҳайфи Наимҷони ғўрамарг, ки фарзанди хоҳони дидорашро дубора ятим кард…
Ронанда Нодири беҳушгаштаро аз замин бардошта, ба мошин шинонд ва худ ба паси чанбар нишаст.
– Як дам сабр бикун, додар, ман ҳам бояд ба видои бахти аввал биравам,– гуфт зан ва нолакунон барои пўшидани либоси азоӣ ба хона рафт…

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо