Зеҳн
Шоҳроҳи истиқлол

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 276 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

БАҲМАНЁР

ДОНА ДАР ДАСТОС
Сарво

Касе ёд надошт, гузашта аз ин худи Мирак ҳам, ё шуморашро гум карда буд, Сабза чанд бор бим дода буд, ки хонаро пушти сар мекунад, бачаҳоро бо худ мебарад, дигар рўяшонро ба ў наменамояд.
Ин дирўз буд, ки вай ба шикор баромада буд. Қабл аз шикор се нахўд чакидаро дар пиёлаи чой ҷафида хўрда буд.
Ду харгўш зада буд ва ба хона оварда буд. Рўи кати айвон нишаста буд, як харгўшро пўст канда, ба тоқчаи айвон гузошта буд. Гурбае омада буд, ба ў пўзханд зада буд, харгўшро бардошта бурда буд. Харгўши дуввумро пўст канда буд, пеши худ ниҳода буд, чашм ба раҳи гурба дўхта буд, гурба ҳам бедиранг ҳозир шуда буд, пўзханд ҳам зада буд, Мирак хеле сари қаҳр омада буд, харгўшро бардошта буд, ба калаи пишак афканда буд, гурба маслухро дар ҳаво доштаву рақскунон рафта буд.
Чун Мирак «гурбаро доред!» гўён доду фиғон бардошта буд, занаш ҳамоно расида, ҳол пурсида буд. Мирак қиссаи гурбаро карда буд. Занак ба сари ў ҷеғ кашида буд, ки аз хона берун наомадаӣ, аз гўри бобот харгўш овардаӣ?! Мирак ҳангу манг монда буд, пас гурба чиро бурда буд? Аз ин рў чун имрўз аз хоб бедор шуд, аз манзараи гирду пешаш зуд безор шуд: занаш дар бухорӣ мепухт ордбо, бачаҳо рўи ҷогаҳ хоб буданд чалипо, хурўси беҷуфт паиҳам бонг мезаду бузи гурусна маоси беибо.
Мирак дуздида занро нигарист, зан песонида ўро.
Хурўси беҷуфти тосагирифта, бузи гуруснаи шохзан, бачаҳои бараҳнаи чалипо хобида, зани абрў гиреҳ задаву лабу лунҷ туришида... На, Мирак тоби шикебидани ин ҳамаро надорад дар ин оз боз рўзи дароз!
Аз хона берун омаду лаби ҷўй хамбид, ҳарому ҳалол ба сару рўй об кашид, баргашту ҷома пўшид, акнун дар фикри аз дарвоза берун шуданро дошт, ки занаш таркид.

пешина
аз 276
навбатӣ