Шоҳроҳи истиқлол

– Чумчаи охирини ордро ба дег андохтам! Агар боз ба хона чизе наорӣ, ё масту бангзада оӣ, биллоҳи азим, дигар на рўи маро хоҳӣ диду на рўи бачаҳоро! Мирак нимароҳ дудила монд, баргашту дар ваҷоҳати зан ҷигарсўз табе хонд.
Занаш пеш ҳам бим медод, лек савганд намехўрд, пас алами дилаш бухсидааст. Чанд раҳ вай ин бузро фурўхтанӣ шуд, занаш нагузошт, ки шир медиҳад, чанд раҳ вай ин хурўсро куштанӣ шуд, занаш нагузошт, ки ду мурғ ба орият аз Луда- Палвон меорад, ин хурўс суд медиҳад, вай аз мурғҳо тухм мегирад...
Чору ночор пеши Раиси Баста – Парвонаи Шопур мебояд рафту пешдод талаб кард.
Аммо Парвонаи Шопур дар идора набуд, ба маркази ноҳия рафта буд.
Димоғи Мирак аз ноомади кор ях баста буду вай дар фикри гарм кардани димоғ афтода.
Рафт паи суроғи Пирак, ки шояд маблағи рўзи мабодояш ҳанўз буда бошад, бардоранду раванд дари мағоза, як шишаи яклитра май бихаранд, ягон гўшаи хилватро баргузинанд, хурўси беҷуфту бузи шохзану зани бадпилкро. боз даҳҳо ину онро як тин нарх гузошта, чорта дили беғам бизананд...
Пирак дар хона буд, вале пайсаи рўзи мабодо набуд. Пирак ба сари пайсаи рўзи мабодо об рехта буду занаш ба сари Пирак. Вай ҳам аламзада менишаст ва наздик ба таркидан буду ба ягон гўша ламидан.
Ҳароина Пирак аз дидори Мирак шод шуд.
Ҳар ду сар ба сар монданд, болу пари хаёли танграви худро кушоданд, деҳро хона ба хонаву буна ба буна давр заданд, ки савобҷўе биёбанд, то ба доди ин ду дармонда бирасад. Аммо савобҷўе наёфтанд, магар ки Шаҳрон писари амаки Салмон.
Аммо Шаҳрони Салмон ёғӣ буд, мулаққаб ба Абри Осӣ буд, бо ў май хўрдан ба заҳр хўрдан мусовӣ буд. Аз бобои валию додои сахиаш бохабар мекард ва як пиёла майро ба як коса заҳр баробар. Хўру мур! Чунонки аз хони бобову додои ман то ту хўрданду мурданд...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо