Зеҳн
Шоҳроҳи истиқлол

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 276 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Атояшро бар лиқояш бахшиданд.
Чора набуд, бечора ҳам набуданд, рафтанд дари мағоза, ки хоҳ нохоҳ яке не яке аз аҳли дард он ҷо сар мехалонад ва чору ночор онҳоро ба «домёрӣ» мехонад.
Фурўшанда марди бад набуд, гоҳу ногоҳ пасодаст медод.
Вале пиринтсип дошт мардак, ҳамин ки қарз аз бист рубл афзун мегашт, тормузҳои ҳимматаш ба кор медаромаданд ва агар худро ба дарахти чанори назди мағоза биёвезӣ ҳам чизе насия намедод.
Қарзи ин ду тан рўи рақами бисту яку бисту се, аввал аз Пираку дуввум аз Мирак мечархид, яъне буксават мекард, на пеш мерафту на қафо ва ҳар ду монда буданд дар лажанзори бало. Ҳамин ки яке аз онҳо дохили мағоза мешуду ба салом даҳон мекушод, фурўшанда ба ҷои «алейк» аз «дафтари вом» рақамҳои фурўзонро нишон медод.
Аз ин рў омаданду вориди мағоза нашуданду рўи хараки зери чанор нишастанд.
Аввалин воқеи назаррас ин буд, ки мошини пўшида омад ва аз он Холдори Чилдурўғ фаромад. Холдор ба аёдати хешаш Бабраки Лўлӣ рафта буд. Фишанги муқовоӣ дар дасти Бабрак таркида буд ва ду чашмаш осеб дида буд. Бо Холдор Шераки Хол ҳам рафта буд, ки Бабрак тағоияш буд, лек Шерак дар шаҳр монда буд.
Бабрак човандози забардасти дара буд, Мирак ҳавохоҳи хурофотии ў буд, аз ин рў аз ҷой ҷасту ба домани Холдор часпид ва бо овози ларзон пурсид:
– Бабрак! Бабрак чӣ тур аст?!
– Бад! – Холдор чунон «бад» гуфт, ки мў дар тани Мирак сих шуд.
– Чӣ хел бад? Заҳракаф накуну одам барин гап зан!
– Чӣ гўям? – Холдор ба Пирак чашмак зад. – Чашмҳо талаф шудаанд, ҷарроҳҳо ду дидаро аз ҳадақа кандаанд, чашми одамӣ дастрас надоштаанд, чашми бузро ба косаи чашм гузоштаанд. Бечора ба кўмочу маскаву панири мо бурда нигоҳ ҳам накард, ҳамин ки Шерак аз анбон торону ревочро берун кашид, чанг заду ба даҳон бурд... Хўрокаш алафу ҷав... Ҳайронам, ки акнун чи ҷўрӣ бузкашӣ мекарда бошад...

пешина
аз 276
навбатӣ