Зеҳн
Шоҳроҳи истиқлол

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 276 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Мўйлабӣ ба гулўяш ҳўппок зад.
Ман cap ҷунбондам.
–Не, наметавонам. Ба маросими дафн меравам.
–Ба дафн?– хиҷил шуд мард.– Набошад, узр...
Бале, ман ба дафн равон будам. Дирўз шабона хабари ҷонсўз расид: аммаам фавтидааст. Ҳамоне ки ба амма гуфтанаш забонам намегашту фақат номашро мегирифтам – Зўҳро. Ман намехостам ба ин бовар кунам, тамоми ҳастиям муқобилият менамуд. Вале тилгроме, ки дар кисаам мехобид, ҳама умедамро канда буд. Ва инак ман дар фурудгоҳ нишастааму нигарони онам, ки кай ҳаво мекушояд.
Бахти Нору Зўҳро чун умри барқ кўтоҳ будааст. Агарчи оғози зиндагии якҷояаашон бисёр ширин буд. Мегўянд, ки ба онҳо чашм расид. Аҷаб не, рост бошад ин гап. Зеро бахти онҳо чун офтоби нимрўзӣ баланду пурнур буд ва ба чашми ҳама намоён.
Пас аз тўй Зўҳро дар қадаш бача ёфт. Дар хонаи заргар хурсандии бепоён маъво гирифта буд. Нор аз паҳлўи занаш қадаме дур намешуд. Чунонки одатан бо занҳои ҳомила рў медиҳад, Зўҳро сарторик гардид, майлаш ба туршӣ зиёд буд.
Аз хоҳиши ў огоҳӣ ёфта, Нор ба дарахти сершоху барги зардолу баромад, то ки барои зани ҳомилааш ғўра чинад. Ногоҳ шохе, ки ў дар рўи он истода буд, хам хўрд. Нор калавид ва барои нигоҳ доштани мувозинат саросемавор пояшро ба шохи дигар монд. Вале пояш лағжиду ў якбора сарозер шуд.
Аз зарби сахт сараш лати марговар хўрд ва худи ҳамон рўз вай дигар ба ҳуш наомада ҷон ба хақ супурд.
Зўҳро аз фоҷиаи ногаҳонӣ дарун–дарун сўхта бистарӣ шуд. Вале боз як зарбаи дасти бешафқати қисмат ўро ба пеш буд. Аз ғаму ғуссаи бекарона бошад, ки тифлаш мурда ба дунё омад. Баъд аз ин ҳодиса ў боз ба хонаи мо баргашт.
Вале ў дигар Зўҳрои пештара набуд. Куҷо шуданд он хандаҳои беғаш, завқи ҷавонӣ, нигоҳи пур аз умед? Ў зери бори гарони ғам монда буд, гўё тори дилаш канда шуда буд Ва гўё ба охир расид он афсонае, ки аз дили ў нумўъ карда буд. Ў соатҳои дароз нигоҳи чашмони хомўшшудаашро ба як нуқтаи номаълум дўхта, ғарқи андешаҳои ғамангези худ мешуд. Ў ба мурғе монанд буд, ки пару болашро дар айни парвоз шикастаанд.

пешина
аз 276
навбатӣ