Зеҳн
Шоҳроҳи истиқлол

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 276 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Асар тамом нашуда, замона дигар гашт. Касе аз ману асар суроғе намекунад.
Ёрманд ба назди расм рафта, ба тамошои он машғул шуд.
Тоҷикистони хушбахти ман. Қуллаҳои кўҳҳо барфпўшанд. Доманаи онҳо сабзу хуррам. Рамаҳо бепарво мечаранд. Чўпоне бо ташвиш ба сўи осмон менигарад. Дар самти Ғарб абрҳои сиёҳ дар ҳаракатанд. Раъду барқ медурахшад… Занон пахта мечинанд.
– Ин расм кай тамом мешавад? – пурсид Ёрманд.
– Тамом шудани он ба кӣ лозим? – оҳе кашида гуфт Зарроб.
– Чӣ хел? – бо оҳанги тааҷҷуб пурсид Ёрманд.
– Оё ҳамин асар ба касе лозим аст?
– Бале. Чаро ин тавр савол медиҳӣ? Ин як асари кўчак нест. Роман аст, ки дар маҷмўъ ҳаёти Тоҷикистонро инъикос мекунад.
– Бале, инъикос мекунад. Оё он сохтмоне, ки ман кашидаам, ҳоло вуҷуд дорад? Оё он дуди сиёҳе, ки аз новдони Завод ба осмон мепечад, фазои беғубори дашту даманро тира мекунад, ҳоло ҳаст? Он рамаи гўсфандон, он чўпон, он роҳҳо, он ниҳолҳо ва ғайра ва ғайра. Ман бояд ба ҷои ин гўсфандон танку тўпҳоро бикашам. Ба ҷои ин биноҳои обод хонаҳои бесоҳиб ва сўхтаро. Ин занонро аз майдони бесоҳиби пахта берун кунам. Дар лаби ин ҷўйҳо ба ҷои навниҳолон бачаҳои пойлучу сарлуч бикашам.
Ёрманд ҷиддӣ ба чеҳраи Зарроб нигарист, нигоҳаш чунон тез буд, ки бар қалби Зарроб кора кард. Зарроб аз Ёрманд рў гардонд.
– Ту сиҳату саломат ҳастӣ, ба ту чӣ шуд? – гуфт ба Зарроб.
Зарроб ҷавоб надод.
– Мон ин гапҳоро. Ман ба ту бист сол пеш гуфта будам:
истеъдод дорию ҳунари зистан не. Чӣ, ин бадбахтиҳо ба сари як ту омад? Ҳамаамон аз сар гузарондем. Яке бештар, дигаре камтар. Шукр кун. Коргоҳат дар ҷояш, қаламу қоғазат дар пешат.
Зарроб ба нуқтаи номаълуме нигариста, ҳарфе намезад.
Худ ба худ мекўшид, ки ғазабашро пинҳон кунад.

пешина
аз 276
навбатӣ