Шоҳроҳи истиқлол

Ёрманд гуфт:
– Ману ту бояд ҳеҷ чизро насозем, он чӣ ҳаст, ҳамонро тасвир кунем.
Зарроб хомўш буд. Ў ҳамеша мекўшид, ки зиндагиро тавассути образҳои бадеӣ тасвир кунад. Пеши назараш кашмакашҳое, ки ба сари асараш Калтут омада буд, ҷилва кард.
Ў хоста буд, ки муборизаро барои ҳаёт, барои ҳастӣ нишон диҳад. Ба сари ў чӣ гуноҳҳоеро назаданд. Мунаққиде хеста гуфт: «Ин асар муқобили кирмакпарварӣ аст. Ба пешрафти иқтисодиёти мамлакат зарба мезанад» Дигаре мегуфт: «Дар ин расм чизе намебинам. Манзараи хушку холӣ. Зебоӣ нест.
Образҳо такрор…» Сеюмӣ мегуфт: «Зиндагии сотсиалистиро дар замоне, ки коммунизм месозем, ин тавр нишон додан ба осиёби душманони ҷомеаи мо об рехтан аст. Яъне, ки зиндагӣ нав шурўъ мешавад, мо онро сар мезанем. Аз нигоҳи сиёсӣ ин асар зараровар мебошад…»
– Ҳа, чӣ шуд? Шах шуда мондӣ, – ба Зарроб нигариста гуфт Ёрманд.
– Насиби ман ҳамеша лату кўб будааст.
– Чӣ хел лату кўб? – пурсид Ёрманд.
– Ё ман ҷомеаро намефаҳмам, ё ҷомеа маро намефаҳмад.
– Агар ҷомеа туро намефаҳмид ва ту ҷомеаро намефаҳмидӣ, ба ин дараҷа намерасидӣ. Ном дорӣ, унвон дорӣ, яке аз беҳтарин рассомони ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравӣ. Боз чӣ мехоҳӣ?
– Ман мехоҳам, ки халқам хушбахт бошад. Саодатмандии онро тасвир кунам, аммо атроф пур аз фоҷиа.
– Фоҷиаро тасвир кун, то онро бинему ба муқобилаш мубориза барем.
– Тани танҳо!
– Чаро тани танҳо? Танҳо касе ба ҷое намерасад.
– Халқ бояд бедор бошад.
– Халқро кӣ бедор мекунад? – пурсид Ёрманд, – кӣ? Ману ту! Боз аз кӣ менолем? Ҳамин дузду қотил, авбошу нашъаманд, коргурезу фиребгар, гадою дарвешро кӣ тарбия кардааст? Ману ту барин равшанфикрони тоҷик. Ману ту хушбахт будем, ана хушбахтиямон равшан шуд. Зоҳиран дарахти мо сарсабз буд, вале аз дохил пўсида. Вақте парда аз рўй афтод, ҳама ошкор шуд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо