Шоҳроҳи истиқлол

Зарроб ба назди расм рафт. Пардаро ба рўи он кашид.
Ёрманд ҳис кард, ки ин баҳс ба Зарроб нафорид. Ба он хотима дода, ба рўи курсӣ нишаст. Онҳо ором шуданд. Пас аз чанде Ёрманд баромада рафт.
Зарроб хештанро нороҳат ҳис кард. Ташрифи Дилбанду Ёрманд ба ў хушӣ наоварданд. Зарроб паси мизи кориаш нишаст. Чароғи саримизиро хомўш кард. Бо ду даст сарашро дошта, ба андеша фурў рафт.
Наход ў аз зиндагии имрўза ақиб монда бошад? Ин гуна ҳолатҳо ба бисёр рассомони машҳур рух додаанд. Дигар шудани сиёсат, ё сохти иҷтимоӣ онҳоро аз майдони санъат берун партофтааст. Чаро рассомон дигар асарҳои бузурги динӣ намеофаранд? Чаро мо наметавонем ҷараёни бузургеро дар санъат ба вуҷуд орем? Чаро дар остонаи қарни бисту якум ҳақиқатро пинҳон медорем? Чаро? Тоҷикистони хушбахти ман! – Зарроб аз ҷояш хеста, ба назди мусавварааш рафт. Парда аз рўи он боз кард. Ў мехост асаре офарад, ки тамоми комёбиҳои Тоҷикистон дар он инъикос ёфта бошад.
Кишвари зебои мо, кишвари кўҳсор, кишвари водиҳояш зарнисор, мардумаш заҳматкашро тасвир кунад…
Зарроб ба назди ҷевоне рафт, ки мусаввараҳои хомакии ин асараш он ҷо буданд. Онҳоро аз назар гузаронд. Бале дар нусхаи аввал офтоб нав аз паси қуллаҳои кўҳсор баромада буд. Нурҳои он гўё ба сари ин диёр – Тоҷикистон зарҳал мепошид. Ҳаёт пас аз гузаштани шаби торик аз сари нав шурўъ шуда буд. Ҳама, гўё Тўфони Нўҳ фурў нишаста бошад, хурсандӣ мекарданд. Касе дар андешаи он набуд, ки ин Офтоби саховатбахш дар Чархи фалак давр мезанад. Ин Замини сабзу хуррам дар тўли бисту чор соат барои сокинонаш шабу рўз меорад. Бо ҳамин андеша Зарроб дамидани субҳро тағйир дод. Абрҳои сиёҳро кашид, ки аз омадани хатаре одамонро огоҳ месозанд. Аммо хатар чунон зуд омад, ки худи Зарроб ҳам интизораш набуд. Акнун ў сари он меандешид, ки ин ҳодисаи мудҳишро чӣ гуна дар ин асар инъикос кунад. Мусаввараҳои хомакиашро як сў гузошту рў – рўи хона қадам зад. Акнун ў дар хусуси асари нотамомаш не, дар бораи воқеаҳои солҳои 1992 фикр мекард. Дар ҳама ҷо бесару сомонӣ, касе ба доди касе намерасад. Ҳар кас зўр мезанад, ки худашро қаҳрамон нишон дода, дигареро ғорат кунад.
Мурдаҳо гўр накарда, зиндаҳо дар ғами ҷони худ… На об ҳасту на алав, пиру кўдак дар ҷустуҷўи як буридаи нон.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо