Зеҳн
Шоҳроҳи истиқлол

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 276 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Роҳи мошингардро миёнабур мекунад, ба лаби канал мерасад. Агар об дошта бошад, кор душвортар. Каме болотар мераваду аз пул мегузарад ва чанори сари пулро ба оғўш мегирад. Модараш мегуфт, ки ҳамин чанорро падараш шинондааст, вақти ҷўи об гузаронидан шинондааст. Ҳа, падарон аз кўҳистон омаданду дашту найзорҳои касногузарро ободу сарсабз гардонданд, зиндагиро зебу зинат бахшиданд.
Фарзандон ба хидмати онҳо носипосӣ карданд, нонро таги по карданд, ношукрӣ гузашт, худо зад. Вай нашунидааст, бо чашми худ дидааст, ки мардуми соҳиби дастархонҳои обод дар кишвари бегона гадоӣ мекунанд. Занҳо намедонанд, ки шавҳару писару бародарҳояшон куҷоянд, мардон намедонанд, ки ҳамсару фарзандашон зиндаанд ё на. Чаро худо чунин ҷазоро ба онҳо раво дидааст? Оё аз ин рўзи сангинтар ва нангинтар ҳаст?
Муаллимаи таърихашон ҳангоми дарс мегуфт, ки дар солҳои аввали инқилоб бисёр мардум аз нодониву гумроҳии худ ба он сўи дарё гузаштаанд ва то ҳанўз бо ҳавас ба зиндагии серу пури мо менигаранд. Хайр, солҳои аввали инқилоб буд. Имрўз чӣ? Чаро хонаву дари ободи худро партофта, аз дари дигарон чашми мурувват доранд?
Хоҷам дар оғўши шаби ваҳманбор, дар иҳотаи найҳои хушкида танҳо нест. Бо ў чаҳор тани мусаллаҳ ҳастанд. Онҳо супориш доранд, ки бинои мактабро оташ зананд, ҳо ҳамон мактабе, ки он ҷо таълим гирифтааст ва агар худо роста фармояд, фарзандонаш низ он ҷо парвариш хоҳанд ёфт. Падари раҳматиаш мегуфт, ки мактабро бо ҳашар сохтаанд ва он ёдгори солҳои корамкунии водии Вахш аст. Совхоз дар марказ мактаби сеошёнаи ҳозиразамон сохтааст. Дар мактаби кўҳна бачагони синфҳои ибтидоӣ дарс мехонанд.
Хоҷам мақсади саркардагонро медонад. Онҳо мехоҳанд бо оташ задану ғорат кардан ва куштани баъзе «гунаҳгорон»
мардумро ба ҳарос андозанд, монеи ба зодгоҳ баргаштани фирориён шаванд. Агар ҳама ба ҷои зисти худ баргарданд ва ба зиндагии муқаррарии худ идома диҳанд, баъд, саркардагон аз номи кӣ ба давлатҳои манфиатдор муроҷиат мекунанд, кўмак металабанд, номи давлати Тоҷикистонро доғдор мекунанд? Хоҷам, ки мавзеъро хуб медонад, роҳбалади даста таъин шудааст. Кӣ медонад, шояд ў ҳаргиз мактабро оташ заданӣ нест. Аммо дилаш бисёр мехоҳад, ки деҳаашонро як бори дигар бинад, аз ҳоли зану бачаҳояш огоҳ шавад.

пешина
аз 276
навбатӣ